Солеҳ: нагурехтаам, дар Панҷшер ҳастам - видео

© REUTERS \ OMAR SOBHANI Амрулла Салех

Амрулла Салех - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.09.2021
Обуна шудан
Амруллоҳ Солеҳ, ноиби аввали расиҷумҳури Афғонистон, бо нашри як муроҷиати видеоӣ бо забонҳои форсӣ ва англисӣ хабарҳо дар бораи фирорашро бепоя хонд
ДУШАНБЕ, 4 сен – Sputnik. Амруллоҳ Солеҳ бо нашри як навор мегӯяд, рӯзи ҷумъаи 3 сентябр асту ӯ дар Панҷшер қарор дорад. Ноиби аввали раисиҷумҳури Афғонистон, хабарҳои фирорашро пропогандаи душман хонда, даъват намуд, ки ба чунин эълонҳо бовар накунанд.
Ӯ дар навор иқрор мекунад, ки вазъият сахт аст, аммо ҷабҳаи муқовимат нияти таслим шуданро надорад.

"Бидуни шак, ҳолати сахте ҳаст, мо зери таҳоҷуми Толибону Алқоида* террористҳо бо ҳимояти покистониҳо қарор дорем", - гуфт Солеҳ ва афзуд, ки вазъ дар маҷмуъ зери назорат қарор дорад.

Ноиби аввали раисиҷумҳур, ки дар Панҷшер паноҳ бурду худро роҳбари муваққати Афғонистон эълон кард, афзуд, ки дар ҷангҳо душман талафот диду ҷабҳаи муқовимат ҳам ва ӯ дар хоксупории ҳамсангарҳои худ иштирок доштаст.
Амруллоҳи Солеҳ аз такрори ҳамлаҳои душман гуфта, таъкид ба талафоти зиёди ҳамлагарон намуд.
Ин дар ҳолест, ки Толибон* аз тасаллуташон ба Панҷшер хабар дода, бархе расонаҳо аз фирори Аҳмад Масъуд ва Амруллоҳ Солеҳ ба Тоҷикистон хабар доданд, ки баъдан аз ҷониби Ҷабҳаи муқовимат такзиб гардид.
*- созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0