Корт бо изи ангушт: талаботи нав барои муҳоҷирон дар Русия - аз кай?

© Sputnik / Алексей Даничев / Гузариш ба медиабонкПроцедура снятия биометрических данных в визовом центре, архивное фото
Процедура снятия биометрических данных в визовом центре, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.09.2021
Обуна шудан
Дар кортҳо интиқолдиҳандаи электронӣ бо маълумот дар бораи хориҷиён ҷой дода мешавад
ДУШАНБЕ, 4 сен – Sputnik. Аз 29 декабр Вазорати корҳои дохилии Русия ба додани кортҳои пластикӣ ба муҳоҷирони корӣ ва хориҷиёне, ки ба муддати тӯлонӣ ба Русия меоянд, шурӯъ мекунад.
Дар ин корт аз ҷумла интиқолдиҳандаи электронӣ бо маълумот дар бораи муҳоҷир, изи ангушт ва акси ӯ ҷой дода мешавад.
Дар ин бора ТАСС бо истинод ба тарҳи Вазорати корҳои дохилӣ хабар медиҳад.

"Шакли ҳуҷҷате, ки аз ҷониби шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд гузаштани бақайдгирӣ ва аксбардории ҳатмии давлатии изи ангуштро дар бар мегирад, дар шакли корт бо интиқолдиҳандаи электронии маълумот, тасдиқ карда шавад", - гуфта мешавад дар лоиҳаи ҳуҷҷат.

Кортҳои пластикӣ дар сурати будани имкони техникӣ дода мешаванд, дар дигар ҳолатҳо ҳуҷҷат бидуни корт пешниҳод мешавад.
Ситуация у миграционного центра в Подмосковье - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.06.2021
Навгонӣ то соли 2025: Русия ба муҳоҷирони қонунӣ ниёз дорад
Ҳуҷҷати нав инчунин муқарраротеро дар бар мегирад, ки тибқи он кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ риояи талаботи ҳатмии супоридани имтиҳон аз забони русӣ, таърих ва қонунгузории Федератсияи Русияро месанҷанд.
Талаботи нав барои вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия
Ин талабот аз 29 декабри соли 2021 эътибор пайдо мекунанд.
Дар озмоишгоҳҳои Суғд, барои додани маълумотномаи тиббӣ QR код насб мекунанд
Вазорат тавзеҳ дод, ки вазифаи асосии муқаррароти нав таъмини сад дарсад шиносоии хориҷиён хоҳад буд.
Лентаи хабарҳо
0