Дар Тоҷикистон иди каду, ангур ва харбуза таҷлил мешавад

© Sputnik / Амир ИсаевПраздник Сада в Душанбе
Праздник Сада в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.09.2021
Вазорати кишоварзии Тоҷикистон хабар додааст, ки рӯзи якшанбеи 5 сентябр дар кишвар Иди ангур, каду ва харбузу тарбуз баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 4 сен – Sputnik. Кишоварзон аз навоҳии Тоҷикистон дар Боғи Ирами шаҳри Душанбе Иди ангур, каду, харбузаву тарбузро таҷлил мекунанд, хабар додаст Вазорати кишоварзӣ.
Дар чорабинӣ иштирокдорон аз навоҳии атрофи Душанбе ва вилоятҳои Суғду Хатлон маҳсулоти худро ба намоиш ва фурӯш гузошта, инчунин ҳунари ороиши дастархон бо маҳсулоти полезӣ ба маърази тамошо мегузоранд.
"Ҳадаф аз баргузории иди мазкур тарғиби рушди маҳсулоти кишоварзӣ, муаррифӣ намудани дастранҷи марди деҳқон, эҳё намудани анъанаҳои парвариши ангур, каду, харбуза, тарбуз ва аз таҷрибаи деҳқонони дигар минтақаҳои Тоҷикистон баҳра бурдан аст", - навиштааст "Ховар" аз қавли Вазорати кишоварзӣ.
Ба истифода додани фермаи чорвопарварӣ дар ноҳияи Айнӣ  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.07.2021
Говҳои русиягии яктоннагӣ: президент дар ноҳияи Айнӣ ферма кушод
Вазорат мегӯяд, имсол дар ҷумҳурӣ кишти каду, харбуза ва тарбуз афзоиш ёфта, парвариши навъҳои гуногуни он роҳандозӣ гардид.
Ба иттилои расмӣ, то 27 август дар ҷумҳурӣ 22 ҳазору 110 тонна ангур ҷамъоварӣ шудаст.
Инчунин кишоварзони вилояти Суғд 68573 тонна, вилояти Хатлон 361572 тонна ва навоҳии тобеи ҷумҳурӣ 5873 тонна полезӣ ҷамъоварӣ кардаанд.
Вазорати кишвоварзӣ мегӯяд, дар рӯзи ид меҳмонони чорабинӣ метавонанд, навъҳои гуногуни каду, ангур, тарбузу харбузаро бо нархҳои дастрас харид кунанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала