Толибон* эълон карданд, ки 4 ноҳияи Панҷшерро зери назорат гирифтанд

© Sputnik / Филипп Прокудин / Гузаштан ба хазинаи аксПовседневная жизнь в Афганистане
Повседневная жизнь в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.09.2021
Толибон* эълон карданд, ки чор ноҳияи Панҷшерро ғасб карда, феълан таҳти назорат доранд
ДУШАНБЕ, 4 сен – Sputnik. Билол Каримӣ, намояндаи Толибон* эълон кард, ду ноҳияи дигари Панҷшерро бе зери назорати худ гирифтанд. Каримӣ дар саҳифааш дар Twitter навиштааст, ки ахиран ду ноҳия, аз ҷумла Хинҷро, ки аз нигоҳи стратегӣ муҳимтарин аст, гирифтаанд.
Ба гуфтаи ӯ, феълан чор ноҳияи Панҷшер - Шутeл, Оноба, Париён ва Хинҷ зери назорати Толибон* қарор дошта, ҷангиёни ин ҳаракат сӯи марказ равонанд.
Вилояти Панҷшер ҳамагӣ ҳафт вулусволӣ дорад, ки Париён, Хинҷ, Дара, Бозорак, Руха, Шутул ва Оноба мебошанд. Ҷабҳаи муқовимат ғасби чор ноҳияро аз сӯи Толибон* ҳанӯз тасдиқ накардааст. Иттилоҳои қаблии Толибонро дар мавриди ғасби Панҷшер ҷабҳаи муқовимати миллӣ пропоганда хонда буд.
Медики помогают пострадавшим от двух мощных взрывов, произошедших в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.09.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Ҳалокати ҳадди ақал 17 нафар ҳангоми тирпаронӣ дар Кобул барои пирӯзӣ дар Панҷшер
Ин вилоят дар ҳоли ҳозир танҳо вилояти озод аз султаи “Толибон”* аст, ки Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таҳти раҳбарии Аҳмади Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд, Қаҳрамони миллии Афғонистон, дар он марказият дорад.
Панҷшер масоҳат ва нуфуси кам дорад, аммо дар ҷангҳои Афғонистон ҳамеша аҳамияти стратегӣ дошт. Қаламраваш 3 ҳазору 771٫6 километр мураббаъ ва нуфусаш ҳудуди 300 ҳазор нафар аст.
*созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала