Ҷабҳаи муқовимат: Парёни Панҷшер ба таври комил аз вуҷуди Толибон* пок шуд

© Маркази матбуоти Ҷабҳаи муқовимати миллии АфғонистонНерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон
Нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.09.2021
Сухангӯи ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон эълон кард, ки вулусволии Парёни вилояти Панҷшер ба таври комил аз вуҷуди Толибон* поксозӣ шудааст
ДУШАНБЕ, 5 сен – Sputnik. Фаҳим Даштӣ, сухангӯи Ҷабҳаи Муқовимати Миллии Афғонистон дар саҳифаи Твиттериаш навиштааст, ки “Парёни Панҷшер аз вуҷуди Толибон* комилан поксозӣ шудааст.
"Дасти кам ҳазор террорист ба далели инсидод масири бозгашт ва хуруҷ гир уфтода буданд. тамоми муҳоҷимон ҳангоми фирор ва ақибнишинӣ аз ҷониби сарбозони ҷабҳаи муқовимати кушта ва асир гирифта шуданд", - қайд кардааст Фаҳими Даштӣ.
Ба гуфтаи вай шумораи зиёде, кушта ё асир уфтоданд шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд, аксарашонро покистониҳо ташкил медиҳанд.
Аз сӯйи дигар, Билол Каримӣ, сухангӯи Толибон изҳор кардааст, ки бидуни Бозорак, маркази вилояти Панҷшер ва вулусволии Руха даргир тамоми нуқоти ин вилоят тассаруф ва амалиёт ҷараён дорад.
Ахмад Масуд, сын покойного афганского политика и военачальника Ахмад Шаха Масуда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.09.2021
Аҳмади Масъуд ба фармондеҳон: “То 9 сентябр Кобулро фатҳ мекунем”
Билол Карим дар Твиттер навишт, ки "ҳадафи навбатии ин гурӯҳ навоҳии Бозорак ва Раха аст".
Як манбаи Sputnik дар вилояти Панҷшер низ таъкид кардааст, ки вазъ дар ин вилоят таҳти назорати нирӯҳои муқовимати миллии Афғонистон қарор дорад.
* - созмони террористӣ, ки дар қаламрави Тоҷикистону Русия мамнӯъ аст
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала