Лукашенко Раҳмонро табрик кард: "Кишвари шумо барои мо шарики наздик ва боэътимод аст"

© Пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон и глава Беларуси Александр Лукашенко в Душанбе
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и глава Беларуси Александр Лукашенко в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.09.2021
Сарони Боларус ва Тоҷикистон ба ҳамдигар паёмҳои табрикотӣ ирсол карданд
ДУШАНБЕ, 5 сент – Sputnik. Президенти Беларус Александр Лукашенко президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо 25 -умин солгарди барқарор шудани муносибатҳои дипломатӣ байни ду давлат табрик гуфт. Дар ин бора рӯзи якшанбе дафтари матбуоти президенти Беларус хабар дод.
"Кишвари шумо барои мо шарики наздик ва боэътимод аст. Боиси хушнудист, ки дар ин давра мо системаи устувори ҳамкориҳои ҳамаҷонибаро дар асоси дӯстӣ, ошкорбаёнӣ, эътимод ва эҳтиром бунёд кардем", - таъкид кардааст Лукашенко.
Президенти Беларус гуфтааст, ки ҳамкории созанда миёни кишварҳо дар сайтҳои созмонҳои байналмилалӣ ва дар доираи сохторҳои ҳамгироӣ сурат мегирад. Чаҳорчӯби ҳуқуқӣ ба рушди робитаҳо дар ҳама сатҳҳо мусоидат мекунад.
Вай бо итминони комил гуфт, ки ин соли ҷашнӣ ва кору муколамаи минбаъдаи пурсамар оид ба тамоми маҷмӯи масъалаҳои рӯзномаи байнидавлатӣ, татбиқи босамари лоиҳаҳои ба якдигар судманд, ғояҳо ва ташаббусҳои нав ба манфиати шаҳрвандони ҳар ду кишвар қайд карда мешавад.
Президент Беларуси Александр Лукашенко и президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.08.2021
"Вазъият душвор аст": Лукашенко ҷузъиёти гуфтугӯ бо Раҳмонро ифшо кард
Эмомалӣ Раҳмон низ дар навбати худ ҳамтои белорусияш паёми табрикӣ ирсол кардааст.
Президенти Тоҷикистн гуфтааст, ки солҳои охир муносибатҳои ду кишвар ба анъанаҳои деринаи дӯстӣ, эҳтироми ҳамдигарӣ ва хайрхоҳӣ асос ёфтаанд, ки халқҳои моро ба ҳам мепайвандад, бо хати болоравӣ босамар рушд мекунанд.
Дар ин давра заминаи мустаҳками ҳуқуқии муносибатҳои дуҷониба ба вуҷуд омадааст, ки ҳамкориҳои моро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, илмӣ -техникӣ, фарҳангӣ, башардӯстона ва бисёр соҳаҳои дигар ба танзим медарорад, гуфтааст, президенти Тоҷикистон.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон аз ҳамкории давлатҳо дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, пеш аз ҳама СММ, ИДМ, СПАД, САҲА ёдовар шудааст
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала