Дар макотиби Ӯзбекистон пӯшидани рӯймолу тоқиро ба духтарон иҷозат доданд

© AP / Russell ContrerasДевочка примеряет хиджаб, архивное фото
Девочка примеряет хиджаб, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.09.2021
То моҳи июли соли ҷорӣ дар кишвар пӯшидани ҳиҷоб ва дигар либосҳои мазҳабӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ манъ карда шуда буд.
ДУШАНБЕ, 5 сен – Sputnik. ба иттилои Вазорати маорифи халқи Ӯзбекистон, чунин чора таҳо барои духтарони ҷумҳурӣ ҷорӣ карда шудааст.
"Бо дарназардошти арзишҳои миллии мо, ба истиснои ин, ба духтарон иҷозат дода мешавад, ки дар мактаб рӯймоли миллӣ (паси сар баста) бо рангҳои сафед ва сабук ва тӯпӣ (тӯпӣ - тоқии ӯзбекӣ - таҳ)пӯшанд", - гуфта мешавад дар иттилоияи вазорат.
Вазорат таъкид кард, ки пӯшидани рӯймол ва тоқӣ ҳатмӣ нест.
Ин тасмим дар робита ба дархостҳои сершумори волидони шуморе аз донишҷӯён гирифта шудааст, афздааст манбаъ.
"Агар донишҷӯ дар либоси озод биёяд, ӯро маҷбур накунед, ки рӯсарӣ пӯшад", - таъкид кард вазири маорифи халқи ҷумҳурӣ.
Аввали моҳи июли соли равон президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев таҳрири нави қонуни "Дар бораи озодии виҷдон ва созмонҳои диниро" имзо кард.
Ин санад, аз ҷумла, манъи пӯшидани ҳиҷоб ва дигар либосҳои мазҳабиро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бекор мекунад.
Вазорати маорифи халқи Ӯзбекистон гуфт, ки тибқи қонуни "Дар бораи маориф", хонандагон бояд ба дарс бо шакли тасдиқкардаи низомномаи мактаби мушаххас ҳозир шаванд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала