Мошинҳои ӯзбекӣ дар бозори Тоҷикистон пайдо шуданд

© UzAuto MotorsАвтомобили совместного узбекско-таджикского производства в дилерском центре
Автомобили совместного узбекско-таджикского производства в дилерском центре - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.09.2021
Аввалин мошинҳои истеҳсоли муштараки Тоҷикистону Узбакистонро аллакай харидан мумкин аст
ДУШАНБЕ, 5 сен – Sputnik. Дар Тоҷикистон аввалин маркази дилерии мошинҳо, ки аз ҷониби UzAuto Motors сохта шудааст, пайдо шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ширкат.
Оғози фурӯши мошинҳои дар Осиёи Марказӣ сохташуда ду рӯз пеш 3 сентябр оғоз ёфт.
Гуфта мешавад, ронандагон дар Тоҷикистон акнун метавонанд чаҳор модели Chevrolet - Spark, Cobalt, Nexia ва Lacetti - ро харидорӣ намоянд.
Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки дар Тоҷикистон роҳандозии барномаи қарзӣ дар ҳамкорӣ бо бонкҳои бонуфузи кишвар барои фурӯши мошин пешбинӣ шудааст.
Перевозка новых иномарок, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.08.2021
Бензини гарон монеа нест: Тоҷикистон ба бозорҳои нақлиёти хориҷӣ "ҳамла" мекунад
Ёдовар мешавем, UzAvto Motors моҳи июн эълон кард, ки дар Тоҷикистон корхонаи муштараки Auto Motors Тоҷикистонро таъсис додааст.
Иқтидорҳои корхонаи муштарак дар иншооти истеҳсолии "АлюминСохтмон", - и Тоҷикистон ҷойгир хоҳад шуд.
Ба нақша гирифта шудааст, ки дар як сол истеҳсоли 10 ҳазор мошини сабукрав бо афзоиши ҳаҷми истеҳсолот то 35 ҳазор ба роҳ монда шавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала