Муло Бародар: барои ташкили як давлати фарогир дар Афғонистон талош мекунам

© AP / Hussein Sayed Абдель Гани Барадар

Абдель Гани Барадар - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.09.2021
Обуна шудан
Раиси дафтари сиёсии ҷунбиши Толибон* бори дигар аз талоши ин ҷунбиш барои ташкили давлати фарогир аз тамоми қишри ҷомеъаи Афғонистон хабар дод
ДУШАНБЕ, 5 сен – Sputnik. Мулло Абдулғанӣ Бародар, раҳбари сиёсии ҷунбиши Толибон* дар як изҳорот гуфтааст, ки ин ҳаракат мехоҳад аз тамоми қишрҳои ҷомеаи Афғонистон як ҳукумати фарогир ташкил кунад, иттидлоъ додааст Sputnik Афғонистон дар истинод ба хабакаи хабарии “Ал-Ҷазира”.
“Мо мардуми Афғонистонро итминон медиҳем, ки барои беҳтар кардани шароити зиндагии мардум кор хоҳем кард ва ҳукумат дар назди ҳама ҳисобот хоҳад дод ва амниятро муқаррар хоҳад кард. Зеро он барои рушди иқтисодӣ ҳам Афғонистон ва ҳам тамоми ҷаҳон муҳим аст”, - афзуд ӯ.
Бародар ҳамчунин илова кард, ки агар Толибон* дар таъмини амният муваффақ шавад, мушкилоти дигарро ҳам паси сар хоҳем кард ва аз ин ҷо чархи пешрафт ва ба ҳаракат медарояд ва мо барои расидан ба ин ҳадафҳо қувватамонро дареғ намедорем.
Нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.09.2021
Шикасти “Толибон” дар Панҷшер ва боздошти панҷшериҳои ҳамкори онҳо
Пештар хабаргузории "Ройтерз" ба нақл аз манобеи наздик ба Толибон навишт, буд, ки Мулло Абдулғанӣ Бародар, муовини сиёсии Толибон*, раҳбари ҳукумати ин гурӯҳ дар Афғонистон хоҳад буд.
Ҳамзамон, СММ тахмин мезанад, ки то охири сол ним миллион афғон овора хоҳанд шуд.
* - созмони террористӣ, ки дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ аст
Лентаи хабарҳо
0