Покистону Эрон мехоҳанд вазъи Афғонистонро бо ҳамсоягонаш баррасӣ кунанд

© REUTERS / STRINGERСилы Талибана в Кабуле, Афганистан
Силы Талибана в Кабуле, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.09.2021
Ҳамсояҳои Афғонистон аз вазъи ин кишвар изҳори нигаронӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 5 сен – Sputnik. Бино ба гузориши Радиои Покистон, вазири умури хориҷии Покистон Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ бо ҳамтои эронии худ Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён вазъи Афғонистонро баррасӣ кардааст.
Пас аз музокирот, дипломатҳо як конфронси густурдаи кишварҳои осиёии ҳаммарз бо Афғонистонро эълон кардаанд.
"Ҳарду ҷониб дар бораи рӯйдодҳои ахир дар Афғонистон муфассал мубодилаи афкор карда, инчунин ба мувофиқа расиданд, ки дар рӯзҳои наздик конфронси маҷозии ҳамсояҳои Афғонистон дар сатҳи намояндагон баргузор шавад", - гуфтааст радио.
Глава МИД Таджикистана Сироджиддин Мухриддин  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.09.2021
Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири умури хориҷии Бритониё масъалаи Афғонистонро баррасӣ кард
Қайд карда мешавад, ки Қурайшӣ изҳор дошт, ки Покистон ба равобити худ бо Афғонистон аҳамияти калон медиҳад, ҳамзамон Абдуллоҳиён "талошҳои якҷояи Қурайшӣ барои таҳияи стратегияи ҳамоҳангшуда дар пасманзари вазъ дар Афғонистон" -ро ситоиш кард.
Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон ҳанӯз ширкати худро расман тасдиқ накардаанд.
Ёдовар мешавем, ки вазъ дар Афғонистон пас аз сари қудрат омадани Толибон* (ташкилоти террористии мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия) боиси нигаронии тамоми ҷаҳон шудааст.
Аз ҷумла, нишастҳои СПАД ва СҲШ, ки қарор аст 16 сентябр дар Душанбе баргузор шавад, ба мушкилоти Афғонистон бахшида мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала