Супориши Ҳакимзода: дар кутоҳтарин муҳлат мушкили дӯхти либосҳои мактабиро бартараф кунед

© Пресс-служба Президента РТТаджикская школьная форма
Таджикская школьная форма - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.09.2021
Обуна шудан
Раиси вилояти Хатлон дар ахирин ҷаласаи корӣ ба масъулини баъзе шаҳру ноҳияҳо дастур дод, ки дар кутоҳтарин муҳлат рафти иҷрои дӯхти либосҳои мактабиро ба Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Тоҷикистон дар вилоят пешниҳод намоянд
ДУШАНБЕ, 5 сент – Sputnik. Ахиран дар толори Мақомоти вилояти Хатлон таҳти раёсати раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода бо иштироки доираи васеи фаъолони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Манбаъ иттилоъ додааст, ки дар ҷаласа оид ба дар сатҳи баланди сиёсию фарҳангӣ гузаронидани чорабиниҳо бахшида ба Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ҳама шаҳру ноҳияҳо бо гузашти конфренсияву мизҳои мудаввар, паради ҳарбӣ, роҳпаймоиҳои осоишта, барномаҳои фарҳангӣ ва ба бар кардани либосҳои расмию идона мубодилаи афкор сурат гирифт.
Раиси вилоят барои дар сатҳи баланд ташкилу баргузории ин чорабиниҳо ба масъулон дастуру супоришҳо дод.
Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода оид ба дӯхти либоси мактабӣ дар корхонаҳои дӯзандагии шаҳру ноҳияҳо ибрози назар карда, ба фаъолияти корхонаҳои дӯзандагии ноҳияи Фархор изҳори қаноатмандӣ кард.
Рӯзи Дониш дар шаҳри Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.09.2021
Аввалин қадамҳои 100 ҳазор кӯдак ба мактаб дар вилояти Хатлон
Қайд шудааст, ки дар корхонаҳои дӯзандагӣ занҳои хонашин бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардиданд.
Раиси вилоят ба масъулини баъзе шаҳру ноҳияҳо дастур дод, ки дар кутоҳтарин муҳлат рафти иҷрои дӯхти либосҳои мактабиро ба Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Тоҷикистон дар вилоят пешниҳод намоянд.
Инчунин қайд карда шудааст, ки дар ин ҷаласа Қурбон Ҳакимзода оид ба ҷамъбаст намудани натиҷаҳои иқтисодию иҷтимоии вилоят дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ, фаъолияти хуби корхонаҳои саноатӣ, ҷамъоварии саривақтии ҳосили пахта, картошка ва дигар зироатҳои донагӣ, захираи хӯроки чорво, инчунин оид ба масъалаи иммунизатсия дастуру супоришҳо дод.
Лентаи хабарҳо
0