Варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали Бозиҳои ИДМ 4 медал ба даст оварданд

© Sputnik / Амир ИсаевСоревнования по дзюдо в Таджикистане
Соревнования по дзюдо в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.09.2021
Тоҷикистон дар рӯзи аввали мусобиқа натавонист медали тилло ба даст орад
ДУШАНБЕ, 5 сен – Sputnik. Бозиҳои кишварҳои ИДМ дар Қазон оғоз шуданд. Ҳарчанд қаблан хабар дода мешуд, ки Тоҷикистон аз ширкат дар мусобиқа даст мекашад, аммо зоҳиран вазъ дар лаҳзаи охирин тағйир ёфтааст ва варзишгарони тоҷик ба майдони набардҳои варзишӣ омадаанд.
Дар рӯзи аввали Бозиҳои кишварҳои ИДМ тоҷикон 4 медал ба даст оварданд.
Муҳаммад Икромов дар қуштии озод байни ҷавонон дар вазни то 61 кило медали нуқра ба даст овард.
Таджикский спортсмен Сомон Махмадбеков - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.09.2021
Русия
Маҳмадбеков пирӯзи мусобиқаи ҷаҳонӣ дар Русия шуд
Мустафо Аҳмадов дар қуштии озод байни ҷавонон низ дуввумин шуд, Ӯ медали нуқраро аз дар вазни то 70 кило ба даст оварж.
Фирӯз Мирзораҷабов низ, ба хазинаи дастовардҳои кишвар дар вазни то 60 кило медал ворид сохт.
Медали дигар, вале биринҷӣ дастоварди шоистаи Асламҷон Азизов мебошад, ки онро дар қуштии юнониву румӣ (то 55 кг) ба даст овардааст.
Ҳамин тариқ, Тоҷикистон бо чаҳор медал дар зинаи 6 -уми ҷадвали умумӣ, пеш аз Ӯзбакистон, Молдова ва Арманистон қарор дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала