Болоравии қурби рубл ва коҳиши доллар: бозори арзи Тоҷикистон

© Sputnik Таджикские сомони и рубли, архивное фото
Таджикские сомони и рубли, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.09.2021
Дар бозори асъори Тоҷикистон тайи чанд ҳафтаи охир, асъори хориҷӣ аз қабили рублу евро ва доллар нисбат ба сомонӣ дар ҳоли шинокунанда қарор дорад
ДУШАНБЕ, 6 сен - Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард, ки тибқи он қурби асъори русӣ боло рафтааст.
Тибқи иттилои ин ниҳод арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1554 сомонӣ мебошад, дар ҳоле, ки ду рӯз пеш муодили 0.1548 буд.
Ҳамзамон тибқи иттилои БМТ, қурби асъори аврупоӣ нисбат ба сомонӣ дар пайи коҳиши якбора, боз боло рафт.
Дар Тоҷикистон имрӯз як евро 13.4538 сомонӣ муқаррар шудааст. Охири ҳафтаи гузашта дар бозори арз қурби як евро дар марзи 13.4216 сомонӣ қарор дошт.
Рубл – арзишношинохтатарин арзи ҷаҳон: арзиши доллар дар асл чӣ қадар аст
Дар баробари болоравии рублу евро доллар бошад каме коҳиш ёфтааст.
Қурби 1 доллар ҳоло дар бозори арзи кишвар 11.3200 сомонӣ арзиш дорад, дар ҳоле, ки ду рӯз қабл 1 доллар дар ҳудуди 11.3205 сомонӣ буд.
Доллары на столе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.07.2021
Рубл ё доллар: коршинос беҳтарин асъор барои пасандоз дар 12 моҳи ояндро гуфт
Ҳамин тавр, қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст.
1 доллари ИМА аз 11.3200 то 11.3400 сомонӣ;
1 евро аз 13.4238 то 13.6000 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0.1554 то 0.1570 сомонӣ.
Бонки Миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъорӣ берун аз филиалҳо, офисҳои марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ҳисобида мешавад,ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала