Изҳороти Эрон дар мавриди "дахолати Покистон ба Панҷшер"

© МИД ИранаОфициальный представитель министерства иностранных дел Ирана Саид Хатибзаде
Официальный представитель министерства иностранных дел Ирана Саид Хатибзаде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.09.2021
Вазорати умури хориҷии Эрон дар пасманзари хабарҳо дар мавриди дахолати нерӯҳои Покистон ба Панҷшер изҳор дошт, ки ҳар дахолати беруниро маҳкум мекунад
ДУШАНБЕ, 6 сен – Sputnik. Вазорати умури хориҷии Эрон бо баёни нигаронӣ ҳамалоти шаби гузашта дар Панҷшер изҳор дошт, ки гузоришҳои дахолати Покистон дар ин ҳамлаҳоро баррасӣ мекунад.
Саид Хатибзода, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон гуфт, ҳар дахолати хориҷӣ дар умури Афғонистон, чӣ мустақим бошад, чӣ ғайримустақим маҳкум ба шикаст аст.
Хатибзода аз Толибон* даъват кард, ки ба тааҳҳудоти қаблан додаашон пойбанд бошанд
Ӯ гуфт, Эрон ҷонибдори ҳалли мусолиматомези қазияи Панҷшер буда, нигарони нақзи ҳуқуқҳои башардӯстӣ дар минтақа аст. Хитобзода бо нигаронӣ аз гуруснагӣ, қатъи обу барқи мардуми минтақаи Панҷшер афзуд, ки ҳуқуқи башардӯстона бояд риоя карда шавад.
Ахмад Масуд, сын покойного афганского полководца Ахмад Шаха Масуда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.09.2021
“Бархезед”: Аҳмади Масъуд мардуми Афғонистонро ба қиёми мардумӣ даъват кард - садо
Эрон аз ҳукуматдорони нав дар Афғонистон хост, масъулона рафтор кунанд.
Хатибзода инчунин ҷонибдории Эронро ба ташкили як ҳукумати фарогир дар Афғонистон баён дошт, ки намояндагони қавму қишрҳои гуногун дар он шомил бошанд.
Ин дар ҳолест, ки ахиран Толибон* аз тасаллуташон бар Панҷшер хабар дода, афзуданд, ки феълан 34 вилояти ҷумҳуриро таҳти назорат доранд. Нерӯҳои ҷабҳаи муқовимат эълон доштанд, ки Толибон* бо дастгирии нерӯҳои ҳавоии Покистон ба минтақа ҳамла карданд, аммо онҳо таслим нашуда, муборизаро давом хоҳанд дод. Назари ҷониби Покистон феълан дар мавриди иддаои истифодаи нерӯҳояш дар Панҷшер маълум нест.
*-созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала