Гарму бебориш: пешгӯии дақиқи обуҳавошиносони тоҷик барои 6 сентябр

© Sputnik / Амир ИсаевДушанбе площадь "Дусти" памятник Исмоилу Сомони
Душанбе площадь Дусти памятник Исмоилу Сомони - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.09.2021
Ҳавосанҷон дар Тоҷикистон ҳавои бебориш ва гармро пешгӯӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 6 сен – Sputnik. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирбандаи бебориш дар назар аст.
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 10+15, рӯзона 27+32 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 0+5, рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои камабр, дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш пешбинӣ мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 16+21 ва рӯзона 34+37 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 7+12 дараҷа гарм ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад.
Талая вода капает с сосульки на леднике Лаохугоу в горах Цилянь, в провинции Ганьсу, Китай - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.09.2021
Олим мегӯяд, гармшавии глобалӣ метавонад вирусҳои хатарнокро бедор кунад
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 16+21 ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 14+19 ва рӯзона 30-35 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои камабр, дар базе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 14+19 дараҷа ва рӯзона 33+38 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 9+14 ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Ҳаво шабона 15+17 ва рӯзона 36+38 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала