Ҷопон боз хостори мизбонии Олимпиада шуд

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузаштан ба хазинаи аксОлимпийский символ, архивное фото
Олимпийский символ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.09.2021
Сейко Ҳашамито, президенти Кумитаи тадорукоти Бозиҳои олимпӣ ва паралимпии Токио-2020 аз ният барои мизбонии як олимпиадаи дигар дар Ҷопон хабар дод
ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Сейко Ҳашамито мегӯяд, талоши Саппоро, яке аз шаҳрҳои бузурги Ҷопон барои мизбонии Бозиҳои олимпӣ ва паралимпии зимистонаи соли 2030 метавонад воқеият шавад, зеро кишвар мехоҳад, дар ояндаи наздик як бозии дигарро баргузор кунад.
Эълони мақомдорони Ҷопон дар мавриди омодагияшон барои мизбонии олимпиадаи ҷадид дар ҳолест, ки оташи Бозиҳои паралимпии Токио 5 сентябр хомӯш карда шуд.

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хотиррасон кардааст, ки Токио аввалин шаҳрест, ки бори дуюм Бозиҳои паралимпиро баргузор кард. Бори аввал ин шаҳр соли 1964 Паралимпиада баргузор карда буд.
Мини-футбол, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.09.2021
Пирӯзии "Соро компания" ва "Помир" дар Лигаи футзали Тоҷикистон
Манбаъ афзуд, Саппоро як рақиби қавӣ барои мизбонии Олимпиада ва Паралимпиадаи зимистонаи 2030 ҳисобида мешавад.

"Мо бо Саппоро барои номзадӣ ба Бозиҳои зимистона тасмим гирифтем ва умедворам, ки ин амаллӣ хоҳад шуд", - изҳор дошт президенти Кумитаи тадорукоти Бозиҳои олимпии 2020.
Саппоро, ки пеш аз пандемия пешсафи сабқат барои Олимпиадаи зимистонаи 2030 арзёбӣ мешуд, дар баробари Солт Лейк ва Барселона аз ҳавасмандони баргузории Олимпиадаи зимистонаи оянда мебошад. Бори аввал дар ин шаҳр соли 1972 Бозиҳои олимпии зимистонаро мизбонӣ карда буд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала