Кумитаи тафтишотӣ пайдоиши лабораторияҳои ИМА - ро дар атрофи Русия шарҳ дод

© PixabayМикроскоп
Микроскоп - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.09.2021
Александр Фёдоров, муовини раиси Кумитаи тафтишотии Русия сохтмони лабораторияҳои биологии амрикоӣ дар атрофи марзҳои Русияро шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 6 сен - Sputnik. Александр Фёдоров меӯяд, ташвиши ҳам мутахассисони рус ва ҳам ҷомеаи ҷаҳонӣ аз тавсеаи бидуни назорат ва бемаҳдуди инфрасохтори биологии хориҷии департаменти низомии ИМА дар кишварҳои наздик ба Русия мебошад.
Ноиби раиси Кумитаи тафтишотии Русия ин нуктаро дар ҳамоиши байналмилалии "Мурофиаи Хабаровск: дарсҳои таърихӣ ва мушкилоти муосир" баён дошт.
Николай Патрушев, дабири Шӯрои амнияти Русия, моҳи апрели соли равон дар мусоҳиба бо рӯзномаи "Коммерсант" ишора кард, ки дар ҷаҳон, бахусус дар марзҳои Русия ва Чин, шумораи зиёди лабораторияҳои таҳти назорати Амрико пайдо мешаванд. Патрушев қайд кард, ки эҳтимолияти сохтани силоҳи биологӣ дар ин лабораторияҳо мавҷуданд.
Сотрудница лаборатории Федерального научного центра исследований и разработки иммунобиологических препаратов имени М. П. Чумакова - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2021
Чин талаб кард, ки дар ташхисгоҳи вирусҳои хавфноки Амрико тадқиқот гузаронанд
Моҳи май Юрий Аверянов, муовини аввали котиби Шӯрои Амнияти Русия дар мусоҳиба бо РИА Новости гуфт, ки микробҳои марговари ин озмоишгоҳҳо метавонанд гӯиё тасодуфан ба табиат роҳ ёбанд ва боиси ҳалокати оммавии одамон ҳам дар қаламрави Русия ва дар кишварҳои ҳамсоя гарданд. Вай афзуд, ки Вашингтон нақшаҳои инфиродии таҳқиқоти биологиро барои бисёр кишварҳо, пеш аз ҳама дар бахши низомӣ таҳия мекунад ва иҷрои онҳоро тавассути барномаҳои мухталифи муштарак роҳандозӣ мекунад.
Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Чин, Хуа Чунин дар шарҳи изҳороти Аверянов гуфт, ки Иёлоти Муттаҳида ба нигарониҳо дар бораи фаъолияти лабораторияҳои биологии худ ҳеҷ гуна посухи дақиқе надодааст, гарчанде ҷониби Чин чандин бор дархост карда буд.
Специалист Министерства обороны РФ в полевой биолаборатории, развернутой на авиабазе Орио-аль-Серио в Италии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.05.2020
Чаро амрикоиҳо дар Осиёи Миёна ва Қафқоз ба биолаборатория месозанд
Дар ҷараёни мурофиаи мавсум ба Хабаровск, ки рӯзҳои 25-30 декабри соли 1949 баргузор шуд, дар бораи нақшаҳои Ҷопони милитаристӣ барои муқовимат бо Иттиҳоди шӯравӣ маълум шуд. Дар он ҷо бори аввал ҷаҳон дар бораи тайёрӣ ба ҷанги бактериологӣ огоҳ шуд, ки аз ҷониби артиши Шӯравӣ моҳи августи соли 1945 пешгирӣ гардид. Он замон Трибунал ба Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ расман хотима дод.
Форуми "Мурофиаи Хабаровск: дарсҳои таърихӣ ва мушкилоти муосир" инчунин ба муносибати 75 -умин солгарди трибунали байналмилалии ҳарбӣ барои Шарқи Дур бахшида шудааст. Он аз ҷониби Фонди грантҳои президентӣ дастгирӣ шуда, РИА Новости яке аз ташкилкунандагони ин чорабинӣ мебошад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала