Расонаҳо: Амрулло Солеҳ ба Тоҷикистон фирор кард

© REUTERS / OMAR SOBHANI Амрулла Салех

Амрулла Салех - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.09.2021
Ҷойи дақиқи Амрулло Солеҳ дар Тоҷикистон ҳоло маълум нест
ДУШАНБЕ, 6 сен - Sputnik. Иттилоъ дар бораи парвози собиқ ноиби президенти Афғонистон Амруллоҳ Солеҳ ба Тоҷикистон бори дигар дар расонаҳо пайдо шуд.
Дар ин бора шабакаҳои Al Arabiya ва Afghanistan International хабар медиҳанд. Ин хабарро хабарнигори Sputnik Таджикистан низ тасдиқ кард.
Ҷойгоҳи мушаххаси сиёсатмадор дар кишвар ҳоло маълум нест.
Аввалин гузоришҳо дар бораи парвози Солеҳ аз Афғонистон ба Тоҷикистон рӯзи 4 сентябр нашр шуд.
Телевизиони Ҳиндустон Times Now қайд кард, ки собиқ ноиби президенти ҷумҳурӣ бо ҳамроҳии раҳбарони Ҷабҳаи муқовимат ба кишвари ҳамсоя рафтааст.
Вице-президент Афганистана Амрулла Салех - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.08.2021
Амруллоҳ Солеҳ худро роҳбари Афғонистон эълон кард
Аммо, дертар Солеҳ паёми видеоӣ сабт кард, ки дар он ин маълумотро рад кард. Вай изҳор дошт, ки дар Панҷшер аст ва гузоришҳои парвози ӯ "таблиғи душманон" аст.
Ёдовар мешавем, ки Солеҳ пас аз рафтани Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури собиқ, ки бинобар ишғоли қудрат аз сӯи аъзои ҷунбиши радикалии Толибон, ки дар Русия мамнӯъ эълон шудааст, кишварро тарк кард, худро раҳбари нави ҷумҳурӣ эълон кард.
Сиёсатмадор ба ҷамъоварии артиши муқовимат ба ҷангиён дар Панҷшер, ягона вилояти Афғонистон, ки он замон таҳти назорати Толибон* набуд, оғоз кард.
Бо вуҷуди талошҳо, Солеҳ аз аҳолӣ сартосарӣ пуштибонӣ нашуд ва коршиносони низомии ҷаҳон шонси пирӯзии ӯро ниҳоят паст арзёбӣ карданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала