Пирӯзии "Соро компания" ва "Помир" дар Лигаи футзали Тоҷикистон

© Sputnik / Сергей Русанов / Гузариш ба медиабонкМини-футбол, архивное фото
Мини-футбол, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.09.2021
Обуна шудан
Ду дастаи пешсафи Лигаи футзали Тоҷикистон қабл аз муҳлат ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфтанд
ДУШАНБЕ, 6 сен – Sputnik. Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, бо натиҷагирӣ аз 9 даври лигаи касбии футзали ҷумҳурӣ дастаҳои "Сипар"-и Хуҷанд ва "Соро компания"-и Душанбе бо 22 хол дар садри ҷадвал ҷой гирифта, пеш аз муҳлат ба даври нимниҳоӣ баромаданд.
Ба иттилои Кумита, дар даври нуҳуми чемпионат “Соро компания” бар тими "Пойтахт" бо ҳисоби 7:1 пирӯз шуда, тими "Помир" дар шаҳри Турсунзода дастаи маҳаллии "Самандар"-ро бо ҳисоби 5:3 шикаст дод.

Манбаъ тавзеҳ дод, ки ҳафтаи ҷорӣ марҳилаи аввали лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2021 ба анҷом мерасад ва ҷуфтҳои даври чорякниҳоӣ муайян мегарданд. Кумитаи миллии олимпӣ иттилоъ дод, ки дар даври ниҳоии марҳилаи аввал рӯзи 11 сентябр тими "Помир" бо "Соро компания", "Сипар" бо "Пойтахт" ва "Самандар" бо "Истиқлол" вориди майдон мешаванд.
Соревнования по дзюдо в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.09.2021
Теъдоди медалҳои варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои ИДМ ба 7 расид
Таъкид шудааст, ки дар асоси низомнома дастаҳое, ки ҷойҳои 3-6-ро ишғол менамоянд, дар даври чорякфинал бозӣ мекунанд ва ду даста ба нимфинал мебароянд. Даври чорякфинал аз силсилаи бозиҳо то ду ғалабаи яке аз дастаҳо идома меёбад, афзуд Кумитаи олимпӣ.
Манбаъ илова намуд, ки даври нимниҳоӣ низ аз силсилаи бозиҳо то ду ғалаба иборат буда, ғолибони дар финал, дастаҳои мағлуб дар бозӣ барои ҷои сеюм бо ҳам вомехӯранд.
Феълан дар радабандии тимҳо "Сипар"-и шаҳри Хуҷанд, "Соро компания" - и Душанбе, "Истиқлол", "Помир" - и Хоруғ, "Пойтахт" - и Душанбе ва" Самандар" - и Турсунзода ҷой гирифтаанд.
Лентаи хабарҳо
0