Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

Сафорати Афғонистон дар Душанбе сафари Солеҳро ба Тоҷикистон рад кард

© AP / Rafiq MaqboolВице-президент Афганистана Амрулла Салех
Вице-президент Афганистана Амрулла Салех - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.09.2021
Дипломатҳои афғон дар Тоҷикистон хабар доданд, ки ноиби президент Амруллоҳ Солеҳ ба Душанбе наомадааст
ДУШАНБЕ, 6 сен - Sputnik. Сафорати Афғонистон хабар дар бораи ҳузури Амруллоҳ Солеҳ дар Тоҷикистонро бепоя хонд, хабар медиҳад ТАСС бо истинод ба департаменти дипломатӣ.
Ба иттилои сафорат, маълумоти дар матбуот нашршуда, ки собиқ ноиби президенти Афғонистон Амруллоҳ Солеҳ ба Тоҷикистон омадааст, нодуруст аст.
"Маълумот дар бораи расидани ноиби президенти пешини Афғонистон Амруллоҳ Солеҳ ба Тоҷикистон беэътимод аст", - гуфт як масъули сафорат.
Бино ба маълумоти мавҷуда, феълан алоқаи мобилӣ ва интернет дар дараи Панҷшер қатъ аст ва макони дақиқи сиёсатмадор маълум нест.
Амрулла Салех - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.09.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Амруллоҳ Солеҳ ба Афғонистон бармегардад - расонаҳо
Ёдовар мешавем, пештар дар бораи парвози Солеҳ ба Тоҷикистон хабар дода шуд.
Изҳороти Эрон дар мавриди "дахолати Покистон ба Панҷшер"
Мақомоти расмии Душанбе то ҳол дар ин бора изҳори назар накардаанд.
Коршинос гуфт, бо кадом роҳ Масъуд метавонад бар Толибон* пирӯз шавад
Дар ҳамин ҳол, намояндагии дипломатии Афғонистон дар Душанбе, ки дар даврони президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ ваколатдор шуда буд, корро дар пойтахти ҷумҳурӣ идома медиҳад.
* - ташкилоти террористӣ, ки фаъолияташ дар Русия, Тоҷикистон ва дигар кишварҳо мамнӯъ аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала