Шойгу барои муҳоҷирон дар Русия кор ёфт

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузариш ба медиабонкМинистр обороны РФ Сергей Шойгу
Министр обороны РФ Сергей Шойгу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.09.2021
Обуна шудан
Русия барои ҷалби муҳоҷирони корӣ дар яке аз минтақаҳои кишвар қарзҳои имтиёзнок ҷорӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 6 сен - Sputnik. Вуруди муҳоҷирони корӣ ба рушди Сибир мусоидат хоҳад кард. Дар ин бора вазири дифои Русия, генерали артиш Сергей Шойгу дар суҳбат бо РБК гуфт.
Ба гуфти ӯ, хориҷиён метавонанд дар сохтмони шаҳрҳои нави минтақаи Сибир иштирок кунанд.

"Эҳтимол барои роҳандозии лоиҳаҳои сохтмонӣ аз ҷумҳуриҳои собиқ шӯравии мо вуруди захираҳои меҳнатӣ ба роҳ монда шавад", - таъкид кард ӯ.

Вазири дифоъ пешниҳод кард, ки барои ҷалби муҳоҷирон ба Сибир механизми вижа таҳия шавад. Вай қайд кард, ки "мешавад дар бораи низоми қарзҳои имтиёзӣ барои муҳоҷирон ва ипотекаи хона фикр кард".
Председатель ЛДПР Владимир Жириновский - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.08.2021
Жириновский: вазъи Афғонистон, метавонад Тоҷикистонро ба пайвастан бо Русия водор созад
Дар робита ба вазъияти пуршиддат дар Афғонистон, Шойгу ҷонибдори татбиқи лоиҳаи бунёди масири бехатари байни Аврупо ва Чин "Кедровий тракт" шуд.
Вай инчунин қайд кард, ки барномаи рушди Сибир аз камшавии аҳолӣ пешгирӣ мекунад.
"Мо дар бораи барномаи дарозмуддати рушди минтақаи Сибир дар тӯли даҳсолаҳо сухан меронем, ки он бояд на танҳо ба хориҷшавӣ хотима бахшад, балки муҳимтар аз ҳама барои ҷалби аҳолӣ ба Сибир шароити ҷолиб фароҳам оварад".
Барнома таъсиси марказҳои илмӣ, рушди энергияи нав, истеҳсоли моторҳои барқӣ, маснуоти чӯбӣ, батареяҳо ва ғайраро дар бар мегирад.
Ҳукумати Русия барои амалисозии барномаи рушди Сибир дар тирамоҳ пешниҳодҳо омода хоҳад кард.
Лентаи хабарҳо
0