Таҷлили Иди ангур, каду ва харбузу тарбуз дар Душанбе: видео

Дар Душанбе Иди ангур, каду ва харбузу тарбуз баргузор мегардад
Кишоварзон аз навоҳии гуногуни Тоҷикистон дар Боғи Ирами шаҳри Душанбе Иди ангур, каду, харбузаву тарбузро таҷлил карданд.
Дар чорабинӣ иштирокдорон аз навоҳии атрофи Душанбе ва вилоятҳои Суғду Хатлон маҳсулоти худро ба намоиш ва фурӯш гузошта, инчунин ҳунари ороиши дастархон бо маҳсулоти полезиро ба маърази тамошо гузоштанд.
Ҷашни бомазза дар Душанбе: аксҳои диданӣ
Тибқи иттилои Вазорати кишоварзӣ, имсол дар ҷумҳурӣ кишти каду, харбуза ва тарбуз афзоиш ёфта, парвариши навъҳои гуногуни он роҳандозӣ гардид.
Ба иттилои расмӣ, то 27 август дар ҷумҳурӣ 22 ҳазору 110 тонна ангур ҷамъоварӣ шудаст.
Инчунин кишоварзони вилояти Суғд 68573 тонна, вилояти Хатлон 361572 тонна ва навоҳии тобеи ҷумҳурӣ 5873 тонна полезӣ ҷамъоварӣ кардаанд.
Як кадуи 52-килоӣ, ки дар влиояти Суғд парвариш шудааст, меҳмонони ҷашнро ба ваҷд овард.
Ҳадаф аз баргузории иди мазкур тарғиби рушди маҳсулоти кишоварзӣ, муаррифӣ намудани дастранҷи марди деҳқон, эҳё намудани анъанаҳои парвариши ангур, каду, харбуза, тарбуз мебошад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала