Вазъи Панҷшер: суқут, идомаи муқовимат ва куштори панҷшериҳо

© Sputnik / Филипп Прокудин / Гузариш ба медиабонкПовседневная жизнь в Афганистане
Повседневная жизнь в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.09.2021
Обуна шудан
“Толибон” аз суқути Панҷшер, охирин вилояти озод аз султаи хеш хабар доданд, аммо манобеъи Ҷабҳаи муқовимат мегӯянд, ҳанӯз нуқоти стратегии дара дар ихтиёрашон аст
ДУШАНБЕ, 6 сен – Sputnik. “Толибон” хабар доданд, ки Ҷабҳаи муқовимат шикаст хӯрда, вилояти Панҷшер таҳти назорати Иморати исломӣ қарор гирифтааст.
Дар як видеое, ки ин ҳаракат пахш кард, як фармондеҳи толиб аз назди бинои ҳукумати вилояти Панҷшер, воқеъ дар деҳаи Порох суҳбат мекунад. Вай мегӯяд, Панҷшер пурра аз сӯи толибҳо ишғол шуда, тамоми вилоят таҳти контролашон даромадааст.
Дар як видеои дигар толибҳо дар фурудгоҳи Панҷшер, воқеъ дар деҳаи Чангарам гаштугузор доранд. Аммо манобеъи Sputnik Тоҷикистон дар Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон иддаои “Толибон” – ро ботил хонда, мегӯянд, нерӯҳои муқовимат дар нукоти стратегӣ ҷойгир шудаанд ва нақшаи зиддиҳамлаҳо аз тамоми истиқоматро мекашанд.
“Маркази вилоят – шаҳраки Бозорак суқут кард. Нерӯҳои “Толибон”, ки аз Даҳонаи Панҷшер ва ағбаҳои Ховоку Анҷуман ворид шуда буданд, дар ин ҷо ба ҳам васл шуданд. Нерӯҳои мо тибқи нақшаи қаблӣ ба дараҳои фаръӣ ақиб нишастанд. Мо тамоми омодагиҳоро аз қабл ин ҷо дидаем, зеро ҳамчунин вазъ қобили пешбинӣ буд”, - гуфт ин манбаъ.
Панҷшер 23 дараи фаръӣ дорад, ки ҳар яке аз 3 то 10 километр тӯл кашидааст. Ин дарафҳо дар замони режимҳои коммунистии ин кишвар (1979 – 1989) паноҳгоҳи аслии муҷоҳидини панҷшерии таҳти амри Аҳмадшоҳи Масъуд буд.
Манбаъи Sputnik Тоҷикистон мегӯяд, далели пешравиҳои “Толибон” пуштибонии тайёраҳои бесарнишин ва ҷангандаҳои низомии амрикоӣ буд, ки ба онҳо аз сӯи ҳукумати қаблии Афғонистон ва Амрико таҳвил ёфта буд.
Движение афганского сопротивления на страже в провинции Панджшер - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.09.2021
Фаҳими Даштӣ ва ҷияни Аҳмадшоҳи Масъудро кӣ кушт: “Толибон” ё бесарнишинҳои Покистон?
“Ин бесарнишину ҷангандаҳоро пилутҳои покистонӣ идоа мекунанд. Дар дара нерӯҳои вижаи артиши Покистон низ бо либосҳои маҳаллӣ пиёда шудаанд. Ин гузориш низ ҳаст, ки дар ин кор ба онҳо чиноиҳо кӯмак мекунанд. Бесарнишинҳо ҳам чиноӣ гуфта мешаванд, аммо ҳоло далели мувассақ надорем. Ин ҷанг беш аз он ки ҷанги тоҷику паштун бошад, ҷанги Афғонистону Покистон аст. Покистон амалан дар фикри ишғоли Афғонистон аст. Агар Панҷшер ҳам суқут кунад, муқовимат идома хоҳад ёфт”, - гуфт ин манбаъ.
Дар ҳамин ҳол, як ҳамсуҳбати дигар дар баёни вазъи Панҷшер мегӯяд, “Толибон” муқовиматгарони асирафтодаро ба қатл мерасонанд ва дар қарияҳои Панҷшер теъдоди қобили мулоҳазаи ҷавонон ва афроди миёнасолро низ ё қатл, ё шадидан латукӯб мекунанд ва ё ба асорат мегиранд.
“Ин мардонро онҳо маҷбур доранд, ки ба ҷанги муқовиматгарон раванд. Аз ҷумлаи хешовандони ман дар Париён се нафарро ба шаҳодат расонданд ва яке аз онҳоро сар заданд. Ҳамчунин гузоришҳо аз вулусволиҳои дигар низ ба мо мерасад. Амалан қатли оми панҷшериҳо роҳандозӣ шудааст”, - гуфт ӯ.
Дар ҳамин ҳол, Панҷшер ҳамоно дар муҳосираи иттилоотӣ қарор дорад ва дарёфт кардани хабари бештар ва дасти аввал имконнопазир аст. Дар бораи теъдоди куштаву захмиён ва асирон то ба ҳол ҳеҷ маълумоте наздик ба воқеият дастрас нест.
Панҷшер – аз хурдтарин вилоёти Афғонистон ҳудуди 7 рӯз ба ин сӯ бо “Толибон” муқовимат дорад, дар ҳоле ки 33 вилояти дигари ин кишвар тайи 11 рӯз дар моҳи гузашта пурра таҳти сайтараи онҳо ва бидуни ҷанг қарор гирифтанд.
Лентаи хабарҳо
0