Байден дар мавриди эътирофи ҳукумати Толибон*

© REUTERS / EVELYN HOCKSTEINПрезидент США Джо Байден
Президент США Джо Байден - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.09.2021
Ҷо Байден, раисиҷумҳури ИМА, ба суоли рӯзноманигорон дар мавриди эътирофи ҳукумати Толибон* дар Афғонистон посух дод
ДУШАНБЕ, 7 сен - Sputnik. Раисиҷумҳури ИМА изҳор дошт, ки то эътирофи ҳукумати Толибон* ҳанӯз хеле вақт аст.
Ҷо Байден барои изҳороте ба нишасти матбуотӣ ҳозир шудааст, аммо хабарнигорон суханашро бурида, дар мавриди эътирофи ҳукумати Толибон* суол кардаанд.

"То ин кор ҳанӯз хеле вақт аст. Хеле дур аст", - иттилоъ додааст РИА Новости аз қавли Байден.

Ин дар ҳолест, ки Толибон* рӯзи 6 сентябр аз тасаллуташон бар Панҷшер, охирин музофоти озод аз ҷангиёни ин ҳаракат хабар доданд. Аммо ҷабҳаи муқовимат эълон кард, ки ба куҳҳо ақибнишинӣ намуду муборизаро барои озодию адолат дар Афғонистон идома медиҳад.
Афганцы в очереди в банк в Кабуле  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.09.2021
Барои Аҳмад Масъуд: эътирозҳои оммавӣ алайҳи Толибон дар Афғонистон баргузор шуданд
Дар ҳамин ҳол сухангӯи Толибон* Забеҳуллоҳ Муҷоҳид гуфт, раванди қабули қарор дар бораи таъсиси ҳукумати нави Афғонистон ба анҷом расидааст, танҳо мушкилоти фаннӣ боқӣ мондааст.
Ӯ рӯзи душанбеи 6 август изҳор дошта буд, ки ҳукумати нави Афғонистон пас аз чанд рӯз эълом хоҳад шуд, аммо санаи дақиқро ном набурд.
*-созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала