Нахустин дидори расмии Толибон* ва намояндагони Чин дар Кобул

© twitter / TOLOnewsПервая официальная встреча талибов и китайских представителей в Кабуле
Первая официальная встреча талибов и китайских представителей в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.09.2021
Муовини раҳбари сиёсии Толибон* ва як ҳайат аз Чин дар мулоқоти расмӣ дар Кобул равобити дуҷонибаро баррасӣ кардаанд.
ДУШАНБЕ, 7 сен – Sputnik. Муҳаммад Наим, сухангӯи дафтари сиёсии Толибон* дар Қатар гуфт, ки Мавлвӣ Абдул Салом Ҳанафӣ, муовини сиёсии ин идора, бо ҳайати Чин дар Кобул расман мулоқот кардааст, хабар медиҳад Sputnik Афғонистон.
Вай афзуд, ки дар ин дидор амнияти сафорат ва дипломатҳои Чин, инчунин вазъи кунунӣ дар Афғонистон ва муносибатҳои дуҷониба баррасӣ шудааст.
Сухангӯи дафтари сиёсии Толибон* гуфт, ки сафири Чин ба кумакҳои башардӯстонаи кишвараш ба мардуми афғон таъкид кардааст.
Боевики движения Талибан (террористическая организация, запрещена в России) в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.09.2021
Толибон* шарики асосии худро гуфтанд: дар бозсозии Афғонистон кумак мекунад
Дар ҳамин ҳол, дирӯз Мартин Гриффитс, муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои башардӯстона ва ҳамоҳангсози кӯмаки изтирории СММ, бо Мулло Абдулғанӣ Бародар, муовини сиёсии Толибон* дар Кобул мулоқот кард.
Тибқи изҳороти СММ, Гриффитс бори дигар ӯҳдадории созмонро оид ба расонидани кӯмаки башардӯстонаи беғаразона ва мустақилона ба миллионҳо одамони ниёзманди Афғонистон таъкид кард.
Вай ҳамчунин аз ҳама аҳзоби Афғонистон даъват кард, ки аз ҳама мардуми осоишта, бахусус занон, духтарон ва ақаллиятҳо ҳимоят кунанд.
Аз сӯи дигар, Толибон* қавл додаанд, ки амнияти кормандони имдодрасон ва дастрасӣ ба кумакҳои башардӯстонаро таъмин кунанд, то занон ва одамон фаъолияти озоди худро идома диҳанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала