“Фаҳими Даштиро генерал Ҷуръат кушт”: фарзияи Раззоқи Маъмун

© Сафҳаи фейсбукии ДаштӣФаҳими Даштӣ, сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати Афғонистон
Фаҳими Даштӣ, сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати Афғонистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.09.2021
Раззоқи Маъмун, рӯзноманигори маъруфи Афғонистон, фарзияи “Толибон*” - ро, ки гуфтанд, Фаҳим Даштӣ ва генерал Вадудхон дар пайи мушоҷараи ду фармондеҳи панҷшерӣ кушта шудаанд, таъйид кард
ДУШАНБЕ, 7 сен – Sputnik. Як рӯзи қабл Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи “Толибон*” ба расонаҳо гуфт, ки Фаҳими Даштӣ ва генерал Вадудхон дар пайи як мушоҷира миёни худи панҷшериҳо – фармондеҳон Гулҳайдархон ва Ҷуръат кушта шудаанд ва “Толибон*” дар ин кор даст надоранд.
“Генерал Ҷуръат, ки бо Иморати исломӣ ба тавофуқ расида буд, парчами иморатро боло кард ва Гулҳайдархон ба ӯ монеъ шуду миёни онҳо ҷанг дар гирифт. Даштӣ ва Вадудхон барои миёнҷигарӣ омада буданд. Маълум нест, ки афроди Ҷуръат ба онҳо тир андохтанд, ё нафарони Гулҳайдархон”, - гуфт Забеҳуллоҳ Муҷоҳид.
Движение афганского сопротивления на страже в провинции Панджшер - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.09.2021
“Хоҳарзодае, ки Масъуд гуфт, на тағо”: Фаҳими Даштӣ кӣ буд? – ба ривояти худаш
Раззоқи Маъмун дар такя ба манобеъи Ҷабҳаи муқовимат ва шоҳиди саҳна иттилоъ медиҳад, ки Фаҳими Даштӣ, сухангӯ ва генерал Вадудхон Зарра, масъули истихбороти низомии Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва собиқ атташеи низомии Афғонистон дар Тоҷикистон ба дастури генерал Динмуҳаммад Ҷуръат, раиси Шӯрои олии Панҷшер ва аз собиқ ҳамразмони Аҳмадшоҳи Масъуд кушта шудаанд.

Ҷанҷоли ду фармондеҳ

Вай ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, генерал Ҷуръат аз раҳбарони панҷшерии ҳамкор бо “Толибон*” бо нафаронаш пеш аз бомбаборони бесарнишинони амрикоӣ ва вуруди нерӯи заминии Толибон* ба Панҷшер эъзом шуда буданд ва вонамуд мекард, ки аз Кобул ба хонааш дар рустои Дархели дара рафта буд.
“Аммо нафарони ӯ ногаҳон дар он ҷо байрақҳои калони “Толибон*” - ро аз мошинҳояшон берун оварда ва рӯи мошин, дами роҳу хонааш барафроштанд. Баъди он ки неруҳои муқовимат аз ин хиёнат хабар меёбанд, як гуруҳи мусаллаҳ ба сарпарастии Гулҳайдархон, яке аз фармондеҳони ҷабҳа, барои муқобила бо вай шитофта ва даъвову кашугири сахте ба вуҷуд меояд. Фаҳими Даштӣ ва генерал Вадудхон дар ин ҷанҷоли ду тараф ҳозир буданд. Ду тараф даст ба моша мебаранд ва даргирӣ ба амал меояд. Он замон генерал Ҷуръат фармон медиҳад, ки Даштӣ ва Вадудхонро тирборон кунанд”, - гуфт Раззоқи Маъмун.
Движение афганского сопротивления на страже в провинции Панджшер - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.09.2021
Фаҳими Даштӣ ва ҷияни Аҳмадшоҳи Масъудро кӣ кушт: “Толибон” ё бесарнишинҳои Покистон?
Қаблан манобеъ се фарзияи кушта шудани Фаҳими Даштӣ ва генерал Вадудхон, ду чеҳраи боризи Ҷабҳаи муқовиматро пеш оварда буданд. Яке ин, ки онҳоро асирони толиб инфиҷор дода буданд, дуввум, мошини онҳо ҳадафи тӯпи “Толибон*” шудааст ва сеюм, онҳоро тайёраҳои бесарнишини артиши Покистон аз байн бурдаанд.
Маъмун ин фарзияҳоро рад карда гуфт, “Толибон*” аслан дар соҳа ҳузур надоштанд ва нерӯҳои онҳо ба Даштак, маҳалли ҳузури Даштӣ ва Вадудхон наздик набуданд ва наметавонистанд онҳоро бинанду ҳадаф гиранд.

“Тайёраҳои бесарнишин фақат соҳоти хатти ҷабҳаро ҳадаф гирифтанд. Қазия аз ҳамин қарор буд, ки гуфтам. Бесарнишинҳо пас аз ин моҷаро мавозеъи сарикуҳӣ ва силоҳҳои сангини ҷанговарони муқовиматро дар баландиҳо зери бамборон гирифта, роҳи қувваҳои ҳашарии “Толибон*” тариқи роҳи қиршуда ба сӯи Оноба, Товох, Замонкӯр ва Даштакро боз карданд”, - гуфт Раззоқи Маъмун.

Бо таъйид шудани ин хабар аз ду манбаъ ин дуввумин мавридест, ки байрақи “Толибон*” дар Панҷшер аз сӯи худи панҷшериҳо боло мешавад. 3 сентябр чанд чеҳраи матраҳи вулусволии Париён аввалин байрақи “Толибон*” дар Панҷшерро боло карда буданд.

Ҷуръат кист?

Генерал Динмуҳаммади Ҷуръат, зодаи Панҷшер аст, ки дар замони ҷиҳод аз фармондеҳони раддаи дуввуми Аҳмадшоҳи Масъуд буд. Пас аз суқути “Толибон*” ӯ сардори Раёсати амнияти дохилии вазорати корҳои дохилии Афғонистон таъйин шуд. Баъдтар аз кори расмӣ канор рафта, як ширкати хусусии муҳофизатиро таъсис дод, ки яке аз муштариёнаш Созмони миллали муттаҳид буд. Дертар то вазифаи мушовири раисҷумҳур Ашраф Ғанӣ ва муовини дафтари Шӯрои амнияти миллии Афғонистон расид.
Афганское движение сопротивления во время учений в провинции Панджшер, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.09.2021
Собиқ мақомдори Афғонистон: Панҷшер мардумро барои мубориза бо Толибон* илҳом мебахшад
Соли 2018 Ашраф Ғанӣ ӯро аз ҳарду симмат барканор кард. Як дафъа ҳам ба хонааш нерӯҳои амниятиро фиристод ва хонаи ӯро муҳосира кард, то силоҳу “ҳомвей” – ҳои давлатро супорад, ки бо дахолати панҷшериҳои маъруфе, назири Юнус Қонунӣ ва Бисмиллоҳхон, муваффақ нашуд.
Чанд соли охир ӯ раиси Шӯрои олии Панҷшер ва раҳбари як созмоне ба номи "Раванди ҳифозат аз арзишҳои ҷиҳоду муқовимати мардуми Афғонистон" буд.

“Ҷосус” – и Покистон

Раззоқи Маъмун мегӯяд, генерал Ҷуръат аз даҳ соли пеш равобити худро бо ISI – Созмони истихбороти Покистон ба роҳ монд ва як далели маҳрум шуданаш аз марҳаматҳои Ғанӣ ошкор шудани ин равобити номашруъ ва ҷосусонаи ӯ буд.
“Ҷуръат қаблан ба “Сипоҳи қудс” - и Эрон вобаста буд ва мустамарӣ - ҳақмузд дарёфт мекард. Аммо замоне, ки Ҷабҳа миллӣ ба раҳбарии Устод Раббонӣ муддате кӯтоҳ дар Кобул шакл гирифт, “Сипоҳи Қудс” аз ӯ хост, ки бо ин ҷабҳа кор кунад. Аммо Ҷуръат ба ISI пайваст”, - гуфт Раззоқи Маъмун.
Афганцы в очереди в банк в Кабуле  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.09.2021
Барои Аҳмад Масъуд: эътирозҳои оммавӣ алайҳи Толибон дар Афғонистон баргузор шуданд
Ин рӯзноманигори маъруф мегӯяд, хонаи генерал Ҷуръат канори сафорати Покистон дар Кобул аст ва он чӣ пас аз омадани “Толибон*” ба Кобул ҷолиби диққат аст, як намоиши “Толибон*” - и хашин дар телевизиони "Афғонистон" аст, ки марбути ӯст.
“Ӯ бо ин намоиш хост худро дар миёни нерӯҳои зиддитолиб рушд диҳад ва паём фиристад, ки “Толибон*” бо ӯ чандон гузораи хуб надоранд”, - гуфт Маъмун.

Нафари “Толибон”

Вай генерал Ҷуръатро аз кадрҳои муҳими ISI меҳисобад, ки ҳоло маъмурият дорад бо “Толибон*” ҳамкорӣ кунад ва дар муқобили мардуми худ – панҷшериҳо қарор гирад.
“Толибон*” пеш аз ин Мавлавӣ Оғомир, фарзанди Ғулом, толиби дигари панҷшериро волии Панҷшер гузина карда буданд. Ҳоло Мавлавӣ Абдуалӣ, як сокини Париёни Панҷшерро низ гузина кардаанд. Аммо баъд аз ишғоли Кобул ISI сахт дар талош аст, то генерал Ҷуръат ба ҳайси волии Панҷшер муаррифӣ шавад. Аммо “Шабакаи Ҳаққонӣ” бо гузиниши вай ба ҳайси волии “Толибон*” дар Панҷшер мухолифат дорад. Куштори Даштиву Вадудхонро зоҳиран корномаи ӯ барои барҷаста шудан пеши ISI – у “Толибон*” ва расиданаш ба мақоми вилояти Панҷшер аст”, - гуфт Раззоқи Маъмун.
Дар ҳамин ҳол, генерал Ҷуръат танҳо нафар аз собиқ ҳамразмони Аҳмадшоҳи Масъуд ва панҷшериёни маъруфи Афғонистон нест, ки бо “Толибон*” ҳамкорӣ мекунад. Ҳоло Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои мусолиҳаи миллии Афғонистон ва Фаҳим Адиб, писари маршал Қасим Фаҳим, низ дар Кобул дар канори ин гуруҳ қарор гирифтаанд, ҳарчанд то ба ҳол ҳеч яке аланӣ аз онҳо ҳимоят накардааст. Раззоқи Маъмун дар гузашта аз равобити маршал Фаҳим бо “Толибон*” ва ISI – и Покистон низ гузоришҳо нашр карда буд.
Движение афганского сопротивления на страже в провинции Панджшер - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.09.2021
Ҷабҳаи Муқовимати миллӣ ҳамлаҳо ба Толибонро* оғоз кард: "Панҷшер таслим нахоҳад шуд"
Рӯзноманигори маъруф мегӯяд, худ замоне ҳимояти зиёде аз генерал Ҷуръат кардааст, аз ҳамин сабаб, шоҳиди инҳироф ва пайвандиаш бо истихбороти Эрону Покистон будааст.
“Ин одамро Омир соҳиб Масъуд дар замони муқовимат бисёр бад медид ва ҳаргиз иҷоза намедод наздикаш биёяд. Ӯро хуб шинохта буд. Ҳоло 3 зан дорад. Дузд ва қочоқбари маъруф аст ва бо мафияи қочоқи маводи мухаддир дар Осиёи Миёна кор мекунад. Ман шахсан шоҳид будам, ки бастаҳои аслиҳа ва маводи мухаддирро ба сарҳадоти шимолӣ бо мошини худ интиқол медод. Писаронаш мӯътод ба маводи мухаддиранд. Худаш мӯътод ба пул ва одамкуши ҳирфаӣ аст”, - гуфт ӯ.
Раззоқи Маъмун, рӯзноманигор ва нависандаи маъруфи Афғонистон, панҷшерии зодаи Кобул, дар замони ҳукумати Устод Раббонӣ сармуҳаррири “Ҳафтаномаи Кобул” буд, ки Фаҳими Даштӣ аз кормандонаш буд.
Вай баъдтар дар радиои “Озодӣ” ва телевизиони “Тулӯъ” фаъолият намуда, соли 2011 ба хотири таҳқиқоташ сари авомили дохилии террори Аҳмадшоҳи Масъуд мавриди ҳамла қарор гирифт ва Афғонистонро ба қасди Ҳиндустон тарк кард. Ҳоло дар Австралия зиндагӣ ва сомонаи “Гузоришномаи Афғонистон” – ро мудирият мекунад.
* - ҷунбиши Толибон* ҳамчун созмони террористӣ ва мамнӯъ дар Русия ва Тоҷикистон эътироф шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала