Ҳамдардии Абдуллоҳ аз марги хоҳарзодаи худу Аҳмадшоҳ Масъуд ва ҳушдораш аз оқибати зӯрӣ

© Sputnik / Амир ИсаевПредседатель Высшего совета национального примирения Афганистана Абдулла Абдулла
Председатель Высшего совета национального примирения Афганистана Абдулла Абдулла - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.09.2021
Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои мусолиҳаи миллии Афғонистон, бо нашри як паём аз марги хоҳарзодааш Фаҳим Даштӣ ва хоҳарзодаи Аҳмадшоҳ Масъуд, генерал Абдул Вадуд Зарех изҳори ҳамдардӣ кардӣ, аз оқибати истифодаи зӯрӣ дар таҳмили хостаҳо ҳушдор додааст
ДУШАНБЕ, 7 сен – Sputnik. Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар нахустин паёми фейсбукияш тайи 10 рӯзи охир изҳор дошт, ҷанг дар кишвар ҳар рӯз шумораи бештари фарзандони Ватанро ба хоку хун кашида, оилаҳоро ба мотам мешинонад.
Раиси Шӯрои мусолиҳаи миллӣ аз ҷумла аз марги Фаҳим Даштӣ ва Абдул Вадуд Зарех изҳори таассуф карда, аз Даштӣ чун муъмин, инсони самимӣ ва пайрави роҳи қаҳрамони миллии Афғонистон ёд намудаст. Абдуллоҳ Абдуллоҳ гуфтааст, дӯсташ генерал Абдул Вадуд Зарех, хоҳарзодаи қаҳрамони миллии Афғонистон муборизи воқеӣ буд, ки солиёни зиёд дар мақомоти низомию амниятӣ кор кардааст.
Абдуллоҳ Абдуллоҳ барои изҳори ҳамдардӣ ба ҳамватанонаш сипос гуфта, аз оқибатҳои таҳмили хостаҳо бо зӯрӣ ҳушдор додааст.
"Таъкид медорам, ки таҳмили хостаҳо бо тавассул ба зӯр, ҳеч гоҳ натиҷаи матлуб надошта, боиси идомаи ранҷ ва дарди мардум мегардад", - таъкид намудаст Абудллоҳ Абдуллоҳ.
Фаҳими Даштӣ, сухангӯ ва генерал Вадудхон Зарра, масъули истихбороти низомии Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва собиқ атташеи низомии Афғонистон дар Тоҷикистон шаби 5 август кушта шуданд.
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон* 6 август дар нишасти матбуотӣ, иттилоъ дод, ки Фаҳими Даштӣ ва генерал Вадудхон дар пайи як мушоҷира миёни фармондеҳон Гулҳайдархон ва Ҷуръат кушта шудаанд. Ӯ изҳор дошт, ки генерал Ҷуръат дар пайи мувофиқа бо Толибон* парчами онҳоро бардошту Гулҳайдархон бо ӯ мухолифат кардааст. Ба иттилои сухангӯи Толибон*, Даштӣ ва Вадудхон барои миёнҷигарӣ меоянд, ки кушта мешаванд, аммо сухангӯи Толибон* гуфт, намедонад аз ҷониби кадом тараф.
Фаҳими Даштӣ, сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати Афғонистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.09.2021
“Фаҳими Даштиро генерал Ҷуръат кушт”: фарзияи Раззоқи Маъмун
Раззоқи Маъмун, нависанда ва рӯзноманигори шинохтаи Афғонистон, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Даштӣ ва Вадудхон аз ҷониби генерал Динмуҳаммад Ҷуръат, ки бо Толибон* созиш кардааст, кушта шуд.
Маъмун дар такя ба манобеъи Ҷабҳаи муқовимат ва шоҳиди саҳна иттилоъ медиҳад, ки Фаҳими Даштӣ, сухангӯ ва генерал Вадудхон Зарра, масъули истихбороти низомии Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва собиқ атташеи низомии Афғонистон дар Тоҷикистон ба дастури генерал Динмуҳаммад Ҷуръат, раиси Шӯрои олии Панҷшер ва аз собиқ ҳамразмони Аҳмадшоҳи Масъуд кушта шудаанд.
Ба гуфтаи манбаъ, генерал Ҷуръат аз раҳбарони панҷшерии ҳамкор бо Толибон* бо нафаронаш пеш аз бомбаборони бесарнишинони амрикоӣ ва вуруди нерӯи заминии Толибон* ба Панҷшер эъзом шуда буданд ва вонамуд мекард, ки аз Кобул ба хонааш дар рустои Дархели дара рафта буд.
Военный вертолет во время выставки вооружения в Кабуле, Афганистан  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.09.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Тирпарронии Толибон* барои пароканда кардани тазоҳуроти зидди Покистон дар Кобул
“Аммо нафарони ӯ ногаҳон дар он ҷо байрақҳои калони Толибон* - ро аз мошинҳояшон берун оварда ва рӯи мошин, дами роҳу хонааш барафроштанд. Баъди он ки неруҳои муқовимат аз ин хиёнат хабар меёбанд, як гуруҳи мусаллаҳ ба сарпарастии Гулҳайдархон, яке аз фармондеҳони ҷабҳа, барои муқобила бо вай шитофта ва даъвову кашугири сахте ба вуҷуд меояд. Фаҳими Даштӣ ва генерал Вадудхон дар ин ҷанҷоли ду тараф ҳозир буданд. Ду тараф даст ба моша мебаранд ва даргирӣ ба амал меояд. Он замон генерал Ҷуръат фармон медиҳад, ки Даштӣ ва Вадудхонро тирборон кунанд”, - гуфт Раззоқи Маъмун.
* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала