Ҷабҳаи Муқовимати миллӣ ҳамлаҳо ба Толибонро* оғоз кард: "Панҷшер таслим нахоҳад шуд"

© AFP 2021 / Ahmad Sahel Arman Движение афганского сопротивления на страже в провинции Панджшер
Движение афганского сопротивления на страже в провинции Панджшер - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.09.2021
Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон эълом дошт, ки дар тамоми ноҳияҳои Панҷшер аз чаҳор самт алайҳи Толибон* ҳамла кардааст.
ДУШАНБЕ, 7 сен - Sputnik. Ба гузориши Sputnik Афғонистон, Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон эълом кард, ки амалиёт алайҳи Толибон* дар чанд минтақаи вилояти Панҷшер оғоз шудааст.
Дар изхороти Ҷабҳаи муқовимат чунин гуфта мешавад: "Амалиёти Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар Панҷшер ба муқобили душмани таҷовузкор аз нав cap шуд.
"Ҷанги шадид дар мақари вилоят идома дорад. Қиёми миллӣ бар зидди ҷинояткорони Толибон* ва таҷовузгарони онҳо барои дифоъ аз озодӣ ва адолат назар аз ҳар фариза фарзтар аст. Роҳи ҷанговарони шаҳид идома хоҳад ёфт. "Панҷшер таслим нахоҳад шуд", - омадааст дар изҳороти Ҷабҳаи муқовимат.
Дар ҳамин ҳол, Атиқуллои Барёлай дар як ёддошти фейсбукияш ба Ҷабҳаи муқовимат навиштааст: "Мардуми Панҷшер, пирӯзии худро ҷашн гиред, мо барои озод кардан ба дигар вилоятҳо меравем."
Ҳамзамон дар посух ба даъвати Аҳмад Масъуд алайҳи Толибон* дар Кобул, Дойкундӣ, Ҳирот, Мазори Шариф, Ғазнӣ ва як қатор дигар вилоятҳои Афғонистон намоишҳои шабона баргузор шуданд.
Тазоҳуркунандагон алайҳи Толибон*, Покистон шиорҳо заданд ва шиори "Зинда бод Аҳмад Масъуд!"- ро такрор мекарданд.
Ҳамзамон маълум аст, ки собиқ сардори Раёсати Амнияти Миллии Афғонистон Раҳматуллоҳ Набил ба ҷонибдории тазоҳургарон сухан гуфта буд.
"Покистон душмани Афғонистон буд ва боқӣ мемонад. Шӯриш алайҳи мақомоти Покистон вазифаи миллӣ ва қарзи ҳар як шаҳрванди Афғонистон аст." - навиштааст Набил дар Твиттер.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала