Чаро мардуми Афғонистон аз Толибон* тарс доранд – видео

Пас аз он ки ҷангҷӯёни Толибон* дар моҳи август қудратро дар Афғонистон ба дасти худ гирифтанд, аксари сокинон хости тарки ин кишвар карданд
Аксари афғонҳо аз Толибон*, ки ба сари қудрат омадаанд, тарс доранд.
Исломгароёни тундгаро дар қаламравҳои таҳти назорати худ меъёрҳои қатъии шариатро, ки дар асрҳои миёна буд ҷорӣ кардаанд.
Ҳамин тариқ, телевизион, радио, кино, театр, мусиқӣ, санъат, машрубот, компютер ва интернет ва бозии шоҳмот манъ карда шуданд.
Тибқи қонуни онҳо мардонро бояд риши дарози муайяне дошта бошанд ва занон ҳатман чодар пӯшанд.
Айни замон ба занон кору ва таҳсил кардан, инчунин дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бидуни ҳамроҳии мард пойдо шудан манъ аст.
Барои ҳар итоат накардан ҷазои пешбинӣ карда шудааст.
Дар ҳамин ҳол, намояндагони Толибон ваъда медиҳанд, ҳуқуқ ва озодиҳои ҳамаи сокинон риоя мешаванд.
Вазъият дар Афғонистон моҳи июн дар пайи хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ шиддат гирифт. Дар миёнаҳои моҳи август ҷангҷӯёни Толибон* Кобулро ишғол карданд ва вориди қасри раёсати ҷумҳурӣ шуданд.
Дар ҳамин ҳол, Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури собиқи Афғонистон истеъфо дод ва ҷумҳуриро тарк кард.
Панҷшер, дар шимолу шарқи Кобул, ягона вилоятест, ки берун аз назорати Толибон* буд.
* - ташкилоти террористӣ, ки дар қаламрави Русия ва дигар кишварҳо мамнӯъ аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала