Қабри Аҳмадшоҳ Масъудро Толибон* хароб кардаанд - акс

 Ахмад Шах Масуд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.09.2021
Толибон дар даргириҳои Панҷшер мақбараи Аҳмадшоҳи Масъуд, қаҳрамони миллии Афғонистонро хароб кардаанд.
ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Баъзе гузоришҳо дар бораи даргирии Толибон* бо Ҷабҳаи муқовимати миллӣ нишон медиҳанд, ки нерӯҳои Толибон* (мамнӯъ дар Русия) қабри қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъудро қисман хароб кардаанд.
Тарафдорони нерӯҳои муқовимат аз ин иқдоми Толибон* интиқод карда, гуфтанд, ки "ин ҷанг барои чист?" Толибон гузаштаро фаромӯш накардаанд.
Онҳо мегӯянд, ки 25 сол пеш, вақте Толибон* Мазори Шарифро ишғол карданд, аввалин талош ин буд, ки қабри Генерал Муминро бо булдозер хароб карда, ба дарёи Омӯ партофтанд.
Қаблан низ Толибон* аксҳои қаҳрамони миллиро дар дигар манотиқ низ барчида ва ҳамзамон аксҳои дар санг ҳаккокикардаи Алишер Навоиро вайрон карда буданд.
Толибон рӯзи душанбе (6 сентябр) иддао карданд, ки дафтари волии вилоят ва оромгоҳи Аҳмадшоҳи Масъуд, падари Аҳмад Масъуд, раҳбари Муқовимати миллии Панҷшерро забт кардаанд.
Сухангӯи Толибон* Забеҳуллоҳ Муҷоҳид хабар дод, ки Панҷшер пурра таҳти назорати ин гуруҳ аст ва ҷанг дар хоки Афғонистон ба охир расидааст.
Полномочный посол Исламской Республики Афганистан Мухаммад Захир Агбар - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.09.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Сафир Ағбар: пирӯзиҳои "Толибон" аз хизматҳои Амрикост
Дар навбати худ, Аҳмад Масъуд эълом дошт, ки муқовимат алайҳи Толибон идома дорад ва аз ҳамаи шаҳрвандони Афғонистон даъват кард, ки ба шӯриши миллӣ ҳамроҳ шаванд.
Алӣ Майсам Назарӣ, намояндаи муборизони муқовимат баъдтар изҳор дошт, ки муқовимат дар ҳоли омодагӣ ба роҳандозии ҷангҳои чиррикӣ аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала