Люди в защитных масках в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Дар Тоҷикистон сар аз 21 июн мавҷи дуюми бемории коронавирус сар зад

Русия ба Тоҷикистон 10 худрави ёрии таъҷилӣ барои COVID-19 тақдим кард

© Sputnik / Амир ИсаевРФ передала Таджикистану реанимобили
РФ передала Таджикистану реанимобили - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.09.2021
Ин мошинҳо барои мубориза бо коронавирус тақдим шудаанд
ДУШАНБЕ, 7 сен - Sputnik. Русия ба Тоҷикистон даҳ мошини ёри таъҷилӣ, ки бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз шудааст, тақдим кард, хабар медиҳад намояндаи дафтари матбуоти сафорати Русия дар Тоҷикистон.
Ин таҷҳизот барои кумак ба Душанбе дар баргузории нишастҳои СААД ва СҲШ ва ҳамчунин дар мубориза бо COVID - 19 пешбинӣ шудааст.
Мошинҳои ёрии таъҷилӣ ройгон дастрас шуданд.
"Пас аз анҷоми саммитҳо, мошинҳо барои тақвияти низоми миллии тандурустӣ бо мақсади муқовимат ба ҳамагирии коронавирус истифода мешаванд", - гуфт намояндаи сафорат.
Олга Лякина, муовини Директори иҷроияи Президенти Русия ба хабарнигорон гуфт, ки мошинҳо бо таҷҳизоти зарурӣ барои расонидани ёрии босифати тиббӣ, аз ҷумла дастгоҳҳои нафасдиҳӣ ва дефибрилляторҳо муҷаҳҳаз мебошанд.
© Sputnik / Амир ИсаевРФ передала Таджикистану реанимобили
РФ передала Таджикистану реанимобили - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.09.2021
РФ передала Таджикистану реанимобили
Сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов зимни суханронӣ дар ин маросим гуфт, ки ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ миёни ду кишвар босуръат рушд мекунад ва Русия дар бисёр соҳаҳо кумак мерасонад.
"Феълан наздики 3 ҳазор писарону духтарони тоҷик дар Русия аз рӯи ихтисосҳои тиббӣ таҳсил мекунанд. Ин ҳам саҳми бузурге дар рушди низоми тандурустии Тоҷикистон аст", - таъкид кард сафир.
© Sputnik / Амир ИсаевЦеремония передачи Россией автомобилей скорой медицинской помощи Таджикистану
Церемония передачи Россией автомобилей скорой медицинской помощи Таджикистану - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.09.2021
Церемония передачи Россией автомобилей скорой медицинской помощи Таджикистану
Ҳамчунн, дар доираи муборизаи муштарак бар зидди сирояти коронавирус, Русия ба Тоҷикистон системаҳои ташхиси ройгон, инчунин 50,000 вояи ваксинаи Sputnik V ҳадя кард.
Аз оғози ҳамагирӣ Роспотребнадзор ба ҷумҳурӣ шаш ҳайати коршиносон фиристод, то дар мубориза бо COVID-19 кумак кунанд.
Таджикистан получил 50 тыс. доз Спутника V - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.08.2021
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Ваксинаи деринтизор: "Спутник V" ба Душанбе расид
Нишасти сарони кишварҳои СААД рӯзҳои 15-16 сентябр дар Душанбе ва мулоқоти президентҳои кишварҳои узви СҲШ рӯзҳои 16-17 сентябр баргузор мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала