Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

Тирпарронии Толибон* барои пароканда кардани тазоҳуроти зидди Покистон дар Кобул

© AP / Rahmat GulВоенный вертолет во время выставки вооружения в Кабуле, Афганистан
Военный вертолет во время выставки вооружения в Кабуле, Афганистан  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.09.2021
Шоҳидон гуфтанд, Толибон* ба сӯи тазоҳургарони зидди Покистон тирандозӣ карданд
ДУШАНБЕ, 7 сен - Sputnik. Толибон* дар шаҳри Кобул алайҳи эътирозгарони зидди Покистон оташ кушоданд. Дар ин бора як шоҳиди ҳол ба РИА Новости хабар додааст.
Дар бораи қурбониён гузориш дода нашудааст.
Тазоҳурот дар пойтахти Афғонистон пас аз боздиди раҳбари хадамоти иктишофии байниидоравии Покистон Файз Ҳамид бо даъвати Толибон*, баргузор шуд.
Яке аз эътирозгарон гуфт, онҳо тазоҳуротро аз шимоли Кобул оғоз карда, то сафорати Покистон расиданд.
Панджшерское ущелье - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.09.2021
Шаби гузашта дар Панҷшер: фармондеҳони муқовимат куҷоянд?
Пештар намояндаи Толибон* Забиуллоҳ Муҷоҳид аз аҳолии Афғонистон даъват кард, ки аз тазоҳурот худдорӣ кунанд, чун кишвар тоза "аз буҳрон берун шудааст".
Ёдрас мешавем, ки моҳи август дар заминаи баровардани низомиёни Амрико Толибон* ҳамаи шаҳрҳои калон ва гузаргоҳҳои сарҳадиро ишғол карда, аз анҷоми ҷанги бистсола эълон карданд.
Ягона вилояте, ки зери таъсири Толибон* набуд, Панҷшер аст.
Дар ин минтақа - таҳти роҳбарии фармондеҳи ҷавон Аҳмад Масъуд - нерӯҳои муқовимат мустақар шуд.
Афганские кишлаки на Таджикско-афганской границе. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.09.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Генерал гуфт, вазъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон номусоид аст
Ҳам Толибон* ва ҳам Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон аз муваффақиятҳои худ хабар медиҳанд.
* ташкилоти террористӣ, ки фаъолияташ дар қаламрави Русия, Тоҷикистон ва дигар кишварҳо манъ карда шудааст
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала