Вазири Туркия гуфт, дар эътирофи ҳукумати Толибон* шитоб намекунанд

© Sputnik / Нина Зотина / Гузаштан ба хазинаи аксГлава МИД Турции Мевлют Чавушоглу, архивное фото
Глава МИД Турции Мевлют Чавушоглу, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.09.2021
Мавлуд Чевошоғлу, вазири умури хориҷии Туркия, масъалаи эътирофи ҳукумати Толибон*-ро дар Афғонистон шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 7 сен - Sputnik. Туркия дар эътирофи ҳукумати Толибон* дар Афғонистон шитоб нахоҳад кард, изҳор дошт Мавлуд Чевошоғлу, вазири умури хориҷии ин кишвар тариқи шабакаи телевизионии NTV.
Ӯ даъват кардааст, ки дар эътирофи ҳукумати ҷадид дар Афғонистон набояд шитоб кард.
"Бояд ҳукумате ташкил шавад, ки аз уҳдаи ҳалли вазъи буҳронии феълӣ баромада тавонад. Набояд роҳ дод, ки вазъ то ба ҷанги шаҳрвандӣ кашад. Барои ин ҳукумати фарогире лозим аст, ки намояндагони ҳамаи нерӯҳои сиёсӣ ва қишрҳои аҳолӣ дар он ҳузур дошта бошанд. Набояд дар мавриди занон фаромӯш кард", - изҳор дошт вазири умури хориҷии Туркия.
Фаҳими Даштӣ, сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати Афғонистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.09.2021
“Фаҳими Даштиро генерал Ҷуръат кушт”: фарзияи Раззоқи Маъмун
Ба гуфтаи Човошоғлу, барои он ки ҷомеи ҷаҳонӣ ҳукумати ҷадиди Афғонистонро эътироф кунанд, бояд чунин як ҳукумати фарогир ташкил гардад.
Ба гуфтаи мақомдори Туркия, феълан дар миёни он намояндагони ҳукумати оянда, ки ба ҷаҳониён муаррифӣ шудаанд, танҳо намояндагони Толибон* мебошанд.
"Мо барои онҳо ҳукумат ташкил карданӣ нестем, аммо фикрҳоямонро бевосита ба Толибон* баён мекунем. Мо вазъро дида, амал мекунем. Феълан мавқеи мушаххасро дар ин маврид надорем", - изҳор доштаст вазири Туркия.
Дар ҳамин ҳол сухангӯи Толибон* Забеҳуллоҳ Муҷоҳид гуфт, раванди қабули қарор дар бораи таъсиси ҳукумати нави Афғонистон ба анҷом расидааст, танҳо мушкилоти фаннӣ боқӣ мондааст.
Ӯ рӯзи душанбеи 6 август изҳор дошта буд, ки ҳукумати нави Афғонистон пас аз чанд рӯз эълом хоҳад шуд, аммо санаи дақиқро ном набурд.
*-созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала