Люди в защитных масках в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Дар Тоҷикистон сар аз 21 июн мавҷи дуюми бемории коронавирус сар зад

Вазорат аз коҳиши гирифторон ба коронавирус хабар дод: нашри омор

© Sputnik / Амир ИсаевЛюди на улице в Душанбе в защитных масках
Люди на улице в Душанбе в защитных масках - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.09.2021
Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави паҳншавии коронавирус дар кишварро нашр мекунад, тибқи нишондод ҳамарӯза сатҳи гирифтрорӣ ба ин беморӣ коҳиш меёбад
ДУШАНБЕ, 7 сен - Sputnik. Тибқи иттилои ин ниҳод, давоми шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 21 ҳолати нави сирояти коронавирус ба қайд гирифта шудааст.
Шумораи одамоне, ки авоми як рӯзи охир дар кишвар аз COVID-19 шифо ёфтанд, 17 нафар гуфта мешавад.
Ҳамзамон шабонарӯзи гузашта ягон ҳолати марг аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Дар маҷмӯъ, 124 бемор аз ин вирус фавтидаанд.
Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз, 6 сентябр дар кишвар 17005 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то кунун 16866 нафар (99,2%) шифо ёфтаанд.
Коронавирус в Таджикистане (август) - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.09.2021
Коронавирус дар Тоҷикистон: омори моҳи август
Қобили зикр аст, ки аз моҳи август то кунун дар Тоҷикистон коҳиши шумораи ҳолатҳои нави ин беморӣ мушоҳида мешавад.
Ҳамин тавр, агар дар аввали моҳ ҳар рӯз тақрибан 70 нафар бемор мешуд, дар охири моҳи август ин рақам то 21 нафар коҳиш ёфт.
Ҳамзамон тибқи иттилои мақомот дар кишвар наздик ба 3 миллион тан ваксина гирифтаанд.
Ҳоло дар Тоҷикистон барои пешгирӣ аз ин беморӣ ваксинаҳои CoronaVac (Чин), AstraZeneca (Аврупо) ва Moderna (ИМА) - ро ройгон гирифт.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала