Абдуллоҳиён ба Карзай: танҳо давлати фарогир, метавонад Афғонистонро ба сулҳ расонад

© Sputnik / Руслан КривобокХосейн Амир Абдоллахиян, галава МИД Ирана
Хосейн Амир Абдоллахиян, галава МИД Ирана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.09.2021
Вазири умури хориҷаи Эрон дар гуфтугӯ бо раисҷумҳури пешини Афғонистон таъкид кардааст, ки Эрон хостори Афғонистоне ҳаст, ки дур аз ҷангу терроризм аст
ДУШАНБЕ, 8 авг – Sputnik. Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон дар гуфтугӯи телефонӣ бо Ҳомид Карзай, раисҷумҳури пешини Афғонистон бар гуфтугӯ миёни тамоми гурӯҳҳо, бо ҳадафи ташкили як давлати фарогир дар Афғонистон, ки бозтобдиҳандаи таркиби қавмиву ҷамъиятии ин кишвар бошад, таъкид кард, иттилоъ додааст хабаргузории ИРНА.
Оқои Абдуллоҳиён қайд кард, ки Афғонистон танҳо аз ин тариқ метавонад ба сулҳи пойдор бирасад.
Вазири хориҷаи Эрон ҳамчунин илова кард, ки Эрон марзҳо ва гузаргоҳҳои марзии худ бо Афғонистонро барои осон сохтани вазъи феълӣ дар ин кишвар боз нигаҳ медорад ва тиҷоратро идома хоҳад дод.
Флаг ЕС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.09.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Вокуниши Иттиҳодияи Аврупо ба ташкили давлати ҷидиди Толибон
“Амрико дар ду даҳаи гузашта сабабгор ва масъули нобасомониҳои кунунӣ дар Афғонистон аст”, - илова кард вазири эронӣ.
Аабдуллоҳиён афзуд, ки дар ҳоли ҳозир ин назар ва иродаи мардуми Афғонистон аст, ки бояд ба ин вазъ поён диҳанд.
Ҳомид Карзай, раисҷумҳурии пешини Афғонистон низ дар ин тамоси телефонӣ изҳор доштааст, ки бузургони Афғонистон барои убур аз ин вазъ ниҳояти талоши худро анҷом медиҳанд ва ҳадафи аслӣ таҳаққуқи хосту иродаи мардуми Афғонистон аст.
Делегация политического офиса движения Талибан (запрещено в РФ) в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.09.2021
Ӯзбекистон барои ҳамкорӣ бо ҳукумати нави Афғонистон омода аст
Вай зимни тақдир аз мавозеъ ва талошҳои бакоргирифташуда аз сӯи Эрон таъкид кард.
“Ҳамроҳ бо дигар бузургону ришсафедон, бо гуруҳҳои мухталиф, аз ҷумла Толибон (созмони терроритии мамнӯъ дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон) дар ҳоли ройзанӣ ҳастем ва аз Эрони ҳам дархост дорем, ки мисли собиқ кумакҳои худро дар ростои осонсозии ин амр идома диҳад”, - гуфт Ҳомид Карзай.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала