Муҳаммад Зоҳир Ағбар: дараи Панҷшер таҳти назорати муқовиматгарон аст

© SputnikМухаммад Зохири Агбар, посол Афганистана в Таджикистане
Мухаммад Зохири Агбар, посол Афганистана в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.09.2021
Сафири Афғонистон дар Душанбе мегӯяд, ки бахши аъзами дараи Панҷшер таҳти назорати Ҷабҳаи муқовимат аст
ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Муҳаммад Зоҳир Ағбар, сафири Афғонистон дар Душанбе гуфт, ки ҳамаи шаҳрвандони афғон, ки режими Толибонро* напазируфтаанд, ба муқовимати минтақа пайвастаанд.
Ба гуфтаи дипломат, ҳамаи ақвоми ҷумҳурӣ, ки ҳукумати Толибонро* напазируфтаанд, ба сафи муқовимат пайвастаанд.
Вай ин суханонро рӯзи чоршанбеи 8 сентябр дар Душанбе, зимни як нишасти хабарӣ изҳор дошт.
Выступление Президента Республики Таджикистан, лидера нации на встрече страны по случаю 30 года - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.09.2021
Эмомалӣ Раҳмон аз куштору саркӯби занону рӯзноманигорон дар Афғонистон гуфт - видео
Ӯ ҳамчунин афзуд, ки ба зудӣ дар Панҷшер ҷаласа ва шӯрои кулли афғон бо иштироки ҳамаи раҳбарони низомӣ, ки Толибонро* эътироф накардаанд, даъват карда мешавад.
Илова бар ин, ҳамаи қавмҳои Афғонистон, ки ҳукумати навро қабул накардаанд, ба қувваҳои муқовимати оммавӣ ҳамроҳ мешаванд, ки миёнашон ӯзбекҳо, ҳазораҳо ва паштунҳо мебошанд.
Ба гуфтаи ӯ, ҳамаи 67 сафорати Афғонистон дар кишварҳои хориҷӣ низ режими ҷунбиши радикалии Толибонро* эътироф намекунанд.
* - ҷунбиши Толибон дар Федератсияи Русия ва Тоҷикистон террористӣ эътироф шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала