Таркиш дар Ногинск ду кушта ва чандин маҷрӯҳ бар ҷой гузошт: тафсилоти фоҷиа

© ГУ МЧС по Московской области / Гузаштан ба хазинаи аксВзрыв газа в жилом доме в Ногинске
Взрыв газа в жилом доме в Ногинске - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.09.2021
Таркиши шадиди газ дар Ногински вилояти назди Маскав ҷони ду нафарро гирифту даҳҳо тани дигарро бистарӣ кард
ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Дар бинои нӯҳошёнаи шаҳри Богородскии Ногински вилояти назди Маскав таркиши газ ба амал омад.
Инфиҷори азим фавран ба фурӯ рафтани девор ва шифти беруна боис шуд. Дар натиҷаи ин ҳодиса ду нафар ҷон бохтанд, ҳамчунин чандин нафари дигар захмӣ гардиданд.

Тафсилоти таркиш дар Ногинск

Таркиши гази маишӣ дар бинои истиқоматии 9А дар кӯчаи 28 июн субҳи барвақти чоршанбе, 8 сентябр, тахминан соати 06:55 ба вақти маҳаллӣ рух дод.
Дар паи таркиш 30 манзили бинои 9-ошёнӣ зарар диданд. Хушбахтона таркиш сӯхтор дар пай надошт.
Тибқи маълумоти пешакӣ, сабаби таркиши шадид метавонад газ бошад, ки барои гарм кардани манзил, гирён буд. Муайян карда шуд, ки таркиш дар манзиле дар ошёнаи сеюм рух додааст. Дар ин ҷо як оилаи калон зиндагӣ мекард.
Наворҳое, ки дар Интернет пайдо шуданд, нишон медиҳанд, ки пас аз таркиш девори берунӣ комилан фурӯ рехтааст, чорчӯбаҳо ва мебелҳо пароканда шудаанд.
Мавҷи таркиш тирезаҳоро канда, шишаи балконҳои хонаҳои ҳамсояро хароб кард ва ба мошинҳои дар паҳлӯи хона истода низ зарар расонид.

Қурбониёни таркиш дар вилояти Маскав

Тибқи иттилои хадамоти таъҷилӣ, дар натиҷаи таркиши гази хонагӣ танҳо ду нафар ҷон бохтаанд, 9 нафар захмӣ шудаанд, миёни маҷрӯҳон 2 кӯдак низ ҳаст.
Вазорати тандурустии вилояти Маскав аз захмӣ шудани ҳашт кас хабар дод. Вазъи яке аз захмиёни таркиш вазнин арзёбӣ мешавад.
МЧС мегӯяд, шояд боз се нафари дигар зери харобаҳо бошанд.
Дар байни наҷотёфтагон, ки ба таври мӯъҷизавӣ зинда монданд як духтарчае ҳаст, ки тавонист дар ошёнаи дуввум, наздик ба аз маркази таркиш зинда монад. Духтар дар канори тахтаи фарши хонаи истиқоматии харобшуда нишаста буд.
Бино ба маълумоти пешакӣ, оилаи духтари наҷотёфта низ дар амонанд: падар, модар ва хоҳари калониаш бо ҷароҳатҳои гуногун дар беморхона бистарӣ шуданд.
Кормандони хадамоти таъҷилӣ аллакай ба тоза кардани харобаҳо шурӯъ кардаанд. Дар маҳалли таркиш кормандони хадамоти хусусии амнияти Сарраёсати Гвардияи Русия дар вилояти Маскав ҷалб карда шуданд.
Гуфта мешавад, ки дар ҷои ҳодиса 60 нафар ва зиёда аз бист адад техникаи махсус корбарӣ доранд.
Дар мавриди сокинони хонаи осебдида бошад, барои онҳо дар маркази фароғатии "Боровое" манзили муваққатӣ ташкил карда шуд.
Муфаттишон дар ин росто, парвандаи ҷиноӣ боз карданд ва додситонӣ таҳқиқи ин таркишро оғоз кард.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала