Идомаи гармиҳо дар Тоҷикистон: пешгӯии дақиқи обуҳавошиносони барои 6 сентябр

© Sputnik / Стас ЭтвешВид на Дворец президента в Душанбе
Вид на Дворец президента в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.09.2021
Обуна шудан
Ҳавосанҷон дар Тоҷикистон ҳавои бебориш ва гармро пешгӯӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 8 сен – Sputnik. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирбандаи бебориш пешбинӣ шудааст.
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 10+15, рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 0+5, рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 13+18 ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 7+12 дараҷа гарм ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 17+22 ва рӯзона 33+38 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 14+19 ва рӯзона 29-34 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои камабр, дар ноҳияҳои тағйирёбандаи асосан бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 13+18 дараҷа ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 10+15 ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Ҳаво шабона 14+16 ва рӯзона 34+36 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0