Ҳалокати мусофиру маҷруҳшавии чанд тани дигар: садамаи маргбор дар роҳи “Душанбе-Хуҷанд”

© PixabayДТП, архивное фото
ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.09.2021
Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон аз ҳалокати як мусофири марди 53 сола ва маҷрӯҳ шудани ронандва ва ду зани дигар дар як садамаи нақлиётӣ, ки дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чанноқ” хабар медиҳад
ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Дафтари матбуоти вазораи корҳои дохила иттилоъ додааст, ки садамаи маргбор дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чанноқ”, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Зарҳалоли шаҳри Истаравшан рух додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, ахиран ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи “Мерседес-Бенс-Атеко”, таҳти идораи сокини ноҳияи А.Ҷомӣ, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чанноқ”, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Зарҳалоли шаҳри Истаравшан, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, сокини деҳаи Зарнисори ш.Истравшан бархӯрдааст.
Мужчина с ножом в руках, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.09.2021
Дар хонаи хусур ҳамсарашро нӯҳ корд зад
ВКД хабар додааст, ки дар натиҷа, мусофири дохили автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, ки сокини шаҳри Истаравшан будааст ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
“Худи ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, ва дигар мусофиронаш, зани соли таваллудаш 1964 ва ҷавондухтари соли таввалудаш 1996, истиқоматкунандагони ноҳияи Шаҳристон, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд”, - қайд кардааст манбаъ.
Дар ҳоли ҳозир, кормандони милитсияи кишвар аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқотро идома доранд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала