"Ман дар ҳайратам": нигаронии Раҳмон аз хомӯшии ҷаҳон дар баробари Афғонистон

© Пресс-служба президента Республики ТаджикистанПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.09.2021
Сарвари Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, ки ба вазъи пуршиддати Афғонистон бетараф набошанд
ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Президенти Тоҷикистон зимни паёми табрикотияш ба солгарди истиқлолияти кишвар ба масоили Афғонисттон низ дахл кардааст.
Раисиҷумҳур гуфтааст, мушоҳидаву таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар муддати беш аз як моҳи гузашта вазъият дар Афғонистон, мутаассифона, боз ҳам мураккабу ҳалокатбор ва боиси нигаронии ҷиддии мамолики минтақа ва ҷаҳон гардид, хабар медиҳад котиботи раисиҷумҳур.
"Ноамнӣ ва бадбахтие, ки ба сари мардуми ин кишвари бостонӣ омадааст, натиҷаи дахолати кишварҳои хориҷӣ, яъне фаъолияти доираҳои манфиатдори минтақа ва ҷаҳон мебошад, ки ҳоло низ идома дорад", - ишора кардааст президент.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон и Министр иностранных дел Исламской Республики Пакистан Махдумом Шахом Махмудом Куреши - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.08.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Таъкиди Раҳмон ба ваъдахилофии Толибону* воридсозии тоҷикон ба Ҳукумат: шартҳои Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон доир ба қазияи Афғонистонбори дигар гуфтааст, ки Тоҷикистонро ҷонибдори ҳарчи зудтар барқарор гардидани сулҳу оромӣ дар ин кишвар бо роҳи ташкили ҳукумати фарогир ва бо дарназардошти манфиатҳои ҳамаи қавму миллатҳои сокини он, раъйи тамоми мардуми мамлакат, эҳтирому риояи ҳуқуқи шаҳрвандон дар доираи меъёрҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон пазируфташуда ва нақши калидии Созмони Милали Муттаҳид дар пешбурди ин раванд ҳастем.
Ӯ гуфтааст, ҷомеаи ҷаҳон, аз ҷумла кишварҳои манфиатдор ҳуқуқи маънавӣ надоранд, ки мардуми Афғонистонро бо мушкилоти бавуҷудомада танҳо гузоранд, зеро ба гуфти ӯ вазъияти сангину фалокатбори ин кишвар бо гуноҳи сокинони он ба вуҷуд наомадааст.
"Ман дар ҳайратам, ки тамоми ниҳодҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи башар хомӯширо ихтиёр кардаанд ва дар мавриди пуштибонӣ аз ҳуқуқи мардуми Афғонистон ҳеҷ гуна ташаббус нишон намедиҳанд", - гуфтааст президент.
Ба гуфти президент, бетафовутӣ нисбат ба сарнавишти Афғонистон боиси афзоиши хушунат, боз ҳам вазнинтар шудани зиндагии сокинони он, сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хоҳад шуд.
Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамаи созмонҳои байналмилалӣ, кишварҳои минтақа ва ҷаҳон даъват кардааст, ки доир ба ҳалли мушкилоти ин кишвар ва ташкили ҳукумати мусолиҳаи миллӣ бо фарогирии манфиатҳои тамоми қавму миллатҳои сокини Афғонистон тадбирҳои фаврӣ ва дастҷамъона андешанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала