Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

"Ҳукумати паштуншумул": тору пуди ҳукумате, ки "Толибон"* эълон карданд

© AFP 2023 / KARIM JAAFARЧлены движения "Талибан" присутствующие на втором дне переговоров внутриафганского диалога
Члены движения Талибан присутствующие на втором дне переговоров внутриафганского диалога - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.09.2021
Обуна шудан
Аз 33 нафаре, ки "Толибон"* ба ҳайси ҳукумати сарпарасти Афғонистон муаррифӣ карданд, аксариятро паштунҳо ташкил мекунанд
ДУШАНБЕ, 8 сен – Sputnik. Аксари чеҳраҳои ҳукумати сарпарасти "Толибон"* на фақат дар хориҷ, балки дар дохили Афғонистон низ чандон шинохт надоранд, бахусус ғайрипаштунҳои он, ки бояд ин ҳукуматро "афғоншумул" ҷилва диҳанд.
Манобеъи Sputnik Тоҷикистон дар ин 33 нафар се нафар аз ғайрипаштунҳо дар ҳукумати сарпарасти "Толибон"* – ро шиносоӣ карданд.
Қорӣ Динмуҳаммади Ҳаниф, сарпарасти вазорати иқтисод, Қорӣ Фасеҳуддин, луидиристиз ё фармондеҳи Ситоди артиш ҳар ду тоҷик ва аз вилояти Бадахшон мебошанд. Абдулсалом Ҳанафӣ, муовини дуюми сарвазир аз қавми ӯзбек ва аз вилояти Ҷузҷон аст.
Қорӣ Динмуҳаммад Ҳаниф, зодаи вулусволии Яфтали Бадахшони Афғонистон, ягона тоҷик ва ғайрипаштуни баландпояи "Толибон”"*, дар ҳукумати қаблии онҳо (1996 – 2001) вазири плон ва таҳсилоти олӣ буд. Ӯ соли 2013 дар қатори даҳ раҳбари аршад дар Дафтари Қатари "Толибон"* низ ҳузур ёфт.
Дорога в провинции Панджшер (Афганистан) - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.09.2021
Толибон* исми волии нави Панҷшерро эълон карданд
Қорӣ Фасеҳуддин зодаи вулусволии Вардуҷи Бадахшон, қаблан волии номниҳоди "Толибон"* дар ин вилоят ва фармондеҳи минтақаи шимолу шимолу шарқ, масъули қитъаи хоси ин ҳаракат дар Панҷшер буд.
Қаблан гуфта мешуд, ки ба ҷуз Ҳанифу Фасеҳуддин ва Наҷибуллоҳ шахсе ба номи Паҳлавон ё Мавлавӣ Шамсиддин аз вулусволии Кишм, яке дигар аз "толибтоҷикон"-и Афғонистон, вазири адлия дар ҳукумати нави "Толибон"* хоҳад буд. Аммо номи ӯ дар рӯйхати вузаро дида намешавад.
Абдусалом Ҳанафӣ аз раҳбарони аршад "Толибон"* аст. Ӯ аз аъзои аслии тими музокиракунанда дар Дафтари Қатари ин гурӯҳ ва муовини вазири омӯзиш ва парвариш дар ҳукумати қаблии "Толибон"* буд. Аз ибтидо бахше аз "Толибон"* ва дар миёни онҳо маъруф ба "олими дин" аст.
Намояндагони ҳазораҳои шиа - сеюм ақалияти миллии Афғонистон, пас аз паштуну тоҷикон, дар рӯйхати вузаро шомил нестанд. Ҳатто ягон ҳазораи суннӣ низ ҳузур надорад. "Толибон"* аз қабл эълон дошта буданд, ки мазҳаби шиаи ҷаъфариро расман нахоҳанд шинохт. Ҳукуматҳои Ҳомид Карзай ва Ашраф Ғанӣ ин мазҳабро дар баробари мазҳаби аҳли суннат ба расмият мешинохтанд.
Забиулла Муджахид, Представитель движения Талибан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.09.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Толибон* ҳайати ҳукуматро эълон карданд
Бақия 29 нафаре, ки шомили ин рӯйхат шудаанд, ҳамагӣ паштун буда, онро аз як ҳукумати "афғонистоншумул" ба "паштуншумул" табдил медиҳанд. Раҳбари ҳукумат Мулло Муҳаммад Ҳасан Охунд, раисалвузароъ ё сарвазир, аз Қандаҳор ва шохаи дуррониҳои ин қавм аст.
Бо назардошти ин, ки Мулло Ҳайбатулло, "амирулмуъминин" – и "Толибон"*, ҳоло Раиси Шӯрои олӣ ва Мулло Абдуғанӣ Бародар, муовини сарвазир низ аз шохаи дуронии қавми паштун мебошанд, ҳукумат дар Афғонистон пас аз Ҳомид Карзайи дуронӣ ва Ашраф Ғании ғилҷоӣ дигарбора ба дасти дурониҳо меафтад.

"Рӯйхати сиёҳ"

Мулло Муҳаммад Ҳасан Охунд ва Сироҷуддин Ҳаққонӣ, раҳбари "Шабакаи Ҳаққонӣ", ҳоло сарпарасти вазорати корҳои дохилӣ, ҳамчун афроди хатарнок ва террорист дар "рӯйхати сиёҳ" – и Созмони милали муттаҳид қарор доранд. Ҳузури ин ду нафар метавонад эътирофи ҳукумати "Толибон"* аз сӯи Амрико, Иттиҳодияи Аврупо ва дигар созмонҳои байнулмилалиро ба мушкил дучор созад.
Дар ин ҳукумат ба шумули Сироҷуддин Ҳаққонӣ, чанд нафари дигар - Мавлавӣ Абдулҳаким, сарпарасти вазорати адлия, Халилурраҳмон Ҳаққонӣ, сарпарасти вазорати муҳоҷират низ аз "Шабакаи Ҳаққонӣ"* мебошанд. Ин созмон дар баробари "Толибон"* дар рӯйхати созмонҳои террористии Созмони Милали Муттаҳид қарор дорад. Мавлавӣ Абдулбоқӣ Ҳаққонӣ, сарпарасти вазорати таҳсилоти олӣ ва Мавлавӣ Наҷибуллоҳ Ҳаққонӣ, сарпарасти вазорати мухобирот ҳарчанд лақаби "Ҳаққонӣ"-ро доранд, аммо марбути "Шабакаи Ҳаққонӣ" намебошанд.
Абдулло Абдулло, Ҳомид Карзай ва Абдулғанӣ Бародар - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.08.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Аз Карзай то Абдуллоҳу Бародар: 7 раҳбари Афғонистон маълум шуд - Нур ва Дӯстум чӣ?
Бархе аъзои кобинаи сарпарасти "Толибон"* собиқ маҳбуси Гуантанамои Куба ҳастанд. Масалан, Нуруллоҳ Нурӣ, волии собиқи Балх, ҳоло сарпарасти вазорати сарҳадоту қабоил ва Мулло Хайруллоҳ Хайрхоҳ, собиқ волии Ҳирот, ҳоло сарпарасти вазорати иттилооту фарҳанг, 12 солро дар боздоштгоҳи Гуантанамо сипарӣ карда, соли 2014 бо иттифоқи чанд нафари дигар бо як афсари амрикоӣ табодул шуда буданд.
Масъалаи эътирофи ҳукумати "Толибон"* барои ин гурӯҳ ҳамеша доғ ва мушкилофар буд. Дар замони зуҳури аввали онҳо – солҳои 1996 – 2001 – ба ҷуз Покистон, Арабистони Саудӣ ва Имороти Муттаҳидаи Араб дигар ҳеҷ кишвари ҷаҳон онҳоро ба расмият нашинохт.
Ҳоло низ кишварҳое, ки зоҳиран пуштибони онҳо ба шумор меоянд, дар эътирофи ҳукумати онҳо таъхир мекунанд. Агар сафари раиси ISI – Созмони истихбороти Покистон ва кӯмакҳои ин кишвар ба "Толибон"* дар амри ишғоли Панҷшер ба назар гирифта шавад, Исломобод амалан ин ҳукуматро эътироф кардааст.

Чеҳраҳои наву куҳна

Ба ҷуз чеҳраҳое, назири Мулло Муҳаммад Ҳасан, Қорӣ Динмуҳаммад ва афроди зикршуда як қатор аъзои дигари ҳукумати сарпарасти "Толибон"* низ аз ҳукумати қаблии онҳо омадаанд. Яке аз онҳо Амирхон Муттақӣ, сарпарасти вазорати хориҷӣ аст, ки дар ҳукумати қаблӣ вазири фарҳангу иттилоот буд ва собиқ коммунисти "халқӣ", ҳоло Шайх Шермуҳаммад Стоникзай ҳам мақоми қаблии худ – муовинати вазорати хориҷиро гирифт.
Уровень бедности в Афганистане составляет в среднем 35,8% - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.09.2021
"Гуруснагӣ ва хунукӣ": Панҷшер ба фоҷиаи инсонӣ рӯ ба рӯст
Дар ҳамин ҳол, "Толибон"* фарзандони "амирулмуъминин" – ҳои қаблии худро ҳам фаромӯш накарданд. Мулло Яъқуб, сарпарасти вазорати дифоъ, писари Мулло Умар, асосгузор ва раҳбари аввали "Толибон"* аст. Абдулатиф Мансур, сарпарасти вазорати обу барқ, писари Мулло Ахтар Мансур, "амирулмуъминин" - и дуввуми "Толибон"* аст, ки соли 2016 аз сӯи тайёраи бесарнишини амрикоӣ дар Покистон кушта шуда буд.
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи "Толибон"*, ки дирӯз дар нишасти хабарӣ дар Кобул руйхати ин кабинаи сарпарасти "Толибон"* – ро эълон мекард, гуфт, ҳайати эълоншуда муваққатӣ аст, на доимӣ.

"Номашрӯъ"

Дар ҳамин ҳол, Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таҳти раҳбарии Аҳмади Масъуд, ягона нерӯи мухолифи "Толибон"* ва ҳозир дар саҳнаи Афғонистон, эълони кобинаи сарпарастро ғайриқонунӣ ва намоди боризи душмании ин гуруҳ бо мардуми Афғонистон хонд. Ин ҷабҳа дар як иҳзороти расмӣ гуфт, ҳукумати ғайриқонунӣ ва номашруъи "Толибон"* дар Кобулро таҳдиде ба суботи амнияти Афғонистон, минтақа ва ҷаҳон медонад.
“Мо аз Созмони милали муттаҳид, Шӯрои ҳуқуқи башари СММ, Иттиҳодияи Аврупо, Созмони ҳамкории минтақаии Шонгҳой, САРК, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ё ЭКО, кишварҳои узви прусаи "Қалби Осиё", Созмони ҳамкориҳои исломӣ ва кишварҳои таъсиргузори минтақаву ҷаҳон мехоҳем, ки то эҷоди шароити мубтанӣ бар хости тамоми мардуми Афғонистон аз ҳамкории сиёсӣ ва дипломатӣ бо "Толибон"* худдорӣ варзанд ва мардуми Афғонистонро дар раҳоӣ аз терроризм ва ишғол ҳамкорӣ кунанд, то бошад як ҳукумати мубтанӣ бар орои мардум дар кишвар шакл бигирад", - омадааст дар баёнияи Ҷабҳаи муттаҳид, ки нусхааш дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор дорад.
Ҷабҳаи муқовимати миллӣ гуфтааст, баъд аз машвара бо шахсиятҳои сиёсӣ ва кодрҳои мутахассис ба зудӣ сохтори ҳукумати интиқолии мардумсолор ва посухгӯро эълом хоҳад кард.
*созмони мамнуъ дар Тоҷикистону Русия
Лентаи хабарҳо
0