Раҳмон: бесаводӣ ва сатҳи пасти маърифат асоси хурофот, ифротгароӣ ва ҷаҳолат аст

© Пресс-служба президента Республики ТаджикистанПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.09.2021
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи ботантана ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ гуфт, ки ҷумҳурӣ бо мушкилоти нарасидани кадрҳои баландихтисос рӯ ба рӯ шудааст
ДУШАНБЕ, 8 сен – Sputnik. Эмомалӣ Рамҳон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни суханрониаш қайд кард, ки бесаводӣ ва сатҳи пасти маърифат асоси хурофот, ифротгароӣ ва ҷаҳолат аст ва ҷаҳолат ба инсон танҳо бадбахтӣ меорад.
“Таҷрибаи талхи ҷанги шаҳрвандии дар кишвари мо рухдода ин ҳақиқатро возеҳ нишон дод, ки мо онро ҳаргиз фаромӯш намекунем”, - гуфт ӯ.
Эмомалӣ Раҳмон қайд кард, ки Тоҷикистон имрӯз бо мушкилоти нарасидани кадрҳои баландихтисос рӯ ба рӯ шудааст.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.09.2021
"Ман дар ҳайратам": нигаронии Раҳмон аз хомӯшии ҷаҳон дар баробари Афғонистон
Вай афзуд, ҳар кишваре, ки дар он ҷангу нооромӣ мешавад ва ҷаҳолату хурофот ҳукмфармо мегардад, пеш аз ҳама, беҳтарин кадрҳо, яъне олиму донишманд, табибу муҳандис, устоду омӯзгор, ҳунарманду меъмор, ихтироъкору навовар ва тоҷиру соҳибкор ба кишвари дигар кӯч мебандад.
“Илм, маориф ва техникаву технологияҳо ҳар қадар рушд ёбанд, давлат ҳамон қадар рушду тараққӣ мекунад ва сатҳу сифати зиндагии мардум беҳтар мегардад”, - зикр кард раисҷумҳур.
Роҳбари Тоҷикистон илова кард, ки агар хоҳем дар қатори кишварҳои пешрафта мақоми сазовор дошта бошем, ба рушди илму маориф ва техникаву технологияҳо, бахусус, илмҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ эътибори боз ҳам бештар диҳем.
“Кадрҳои донишманд, соҳибкасбу баландихтисос ва содиқ ба Ватан, давлат ва миллатро тарбия кунем ва зимоми корҳои давлатро ба дасти онҳо супорем, зеро ояндаи Ватан ва соҳибони фардои давлат наврасону ҷавонони имрӯзаи мо мебошанд”, - зикр кард Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон.
Ёдрас мешавем, ки имрӯзҳо Тоҷикистон 30-солагии Итиқлоляти давтии худро ҷашн мегирад. Ба муносибати ин ҷашн, дар саросари кишвар маъракаҳои ботантана баргузор шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала