Даъвати Раҳмон ба муттаҳидӣ ва муроҷиаташ ба ҷавонон: ба Ватан ва миллат хиёнат накунед

© Пресс-служба президента Республики ТаджикистанПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.09.2021
Президенти Тоҷикистон скоинони кишварро ба муттаҳидӣ даъват карда, гуфтааст, ки ҳеҷ гоҳ ба Ватану миллат хиёнат накунанд
ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон сокинони кишварро ба 30 – юмин солгарди истиқлолияти кишвар табрик кард, хабар медиҳад котиботи раисиҷумҳур.
Президент дар паёми табрикотии худ аз дастовардҳои ин даврон ёдовар шуда гуфтааст, ки мо бояд ба хотири Ватан, давлат ва халқи Тоҷикистон минбаъд низ содиқона заҳмат кашем ва дар ин роҳ мисли ангуштони як мушт сарҷамъу муттаҳид бошем.
Ӯ гуфтааст, ҳаргиз ба умеди дигарон намешавем ва тамоми мушкилоту камбудиҳоямонро бо дастони худамон ва бо заҳмати аҳлонаи халқамон бартараф месозем.
“Мо ҳоло мушкилоту масъалаҳои зиёди ҳалталаб дорем ва бояд кӯшиш кунем, ки онҳоро бартараф сохта, зиндагии мардумамонро боз ҳам беҳтар намоем. Зеро халқи азизи Тоҷикистон ба зиндагии боз ҳам шоиста ва рӯзгори аз имрӯза беҳтар ҳуқуқи маънавӣ дорад”, - таъкид кардааст, Эмомалӣ Раҳмон.
Эмомалӣ Раҳмон аз сокинони кишвар, махсусан, ба ҷавонон муроҷиат карда гуфтааст, ки ҳаргиз ва дар ҳеҷ ҳолат ба Ватан, миллат ва давлати худ хиёнат накунанд.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.09.2021
"Ман дар ҳайратам": нигаронии Раҳмон аз хомӯшии ҷаҳон дар баробари Афғонистон
Раисиҷумҳур бо изҳори миннатдорӣ аз аҳолии кишвар, ки тӯли ин солҳо дар канораш буданд, гуфтааст, то нафаси вопасин ба хурду бузурги Тоҷикистон содиқона хизмат мекунад.
Мо бояд минбаъд низ сарҷамъу муттаҳид бошем, неъмати қиматтарини зиндагиамон – истиқлолу озодиро ҳимоя кунем, дастоварди бузургтарини даврони истиқлол – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро боз ҳам таҳкиму тақвият бахшем, таъкид кардааст, президент.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала