Раҳмон гуфт, ба Осиёи Марказӣ чӣ хатарҳо таҳдид мекунад

© Пресс-служба президента РТПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.09.2021
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон зимни суханрониаш дар ҷаласаи ботантана ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз хатарҳои асосӣ барои имрӯзу ояндаи минтақаи Осиёи Марказӣ ёдрас шуд
ДУШАНБЕ, 8 сен – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониаш гуфт, ки ба Осиёи марказӣ хатарҳои равияҳои радикалӣ, ифротгаро ва хурофотӣ таҳдид мекунад.
“Борҳо гуфтаам, бори дигар хотирнишон ва таъкид месозам: яке аз хатарҳои асосӣ барои имрӯзу ояндаи минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла кишвари мо равияҳои радикалӣ, ифротгаро ва хурофотӣ мебошад”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
Ва илова кард: “бинобар ин, мо барои таъмин намудани амнияти минтақа ва оромиву суботи сиёсӣ дар кишварҳоямон бояд андешидани тадбирҳои муштарак ва ҳамоҳангшударо дар ин самт вусъат бахшем”.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.09.2021
"Ман дар ҳайратам": нигаронии Раҳмон аз хомӯшии ҷаҳон дар баробари Афғонистон
Ҳамзамон раисҷумҳури Тоҷикистон таъкид кард, ки вазъияти Афғонистон метавонад ба амнияти кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсири манфӣ дошта бошад.
“Вазъияти Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсири бевоситаи манфӣ мерасонад, зеро ман борҳо гуфтаам, ки амнияти минтақаи мо, дар навбати аввал, ба вазъи ин кишвари ҳамсоя вобаста мебошад”, - гуфт раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.
Дар ҳоле, ки имрӯзҳо кишвари ҳамсоя - Афғонистон дар як вазъияти ногувор қарор дорад, Тоҷикистон ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии худро ҷашн мегирад.
Лентаи хабарҳо
0