Сафири Афғонистон ҳукумати Толибонро* ғайриқонунӣ хонд

© Sputnik / Амир ИсаевПолномочный посол Исламской Республики Афганистан Мухаммад Захир Агбар
Полномочный посол Исламской Республики Афганистан Мухаммад Захир Агбар - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.09.2021
Обуна шудан
Муҳаммад Зоҳир Ағбар мегӯяд, ки ӯ то замони таъсиси ҳукумати фарогир бо Толибон* ҳамкорӣ карданӣ нест
ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе сафири Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳир Агбар ҳукумати ташкилкардаи Толибонро* ғайриқонунӣ номид.
Дипломат аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, ки онро нашиносанд.
"Ман бо Толибон* то даме ки онҳо ҳуқуқи инсонро эҳтиром накунанд ва ҳукумати фарогирро таъсис надиҳанд, ҳамкорӣ нахоҳам кард", - гуфт Муҳаммад Зоҳир Ағбар.
Ба гуфтаи дипломати афғон, ӯ акнун ноиби президенти Афғонистонро дар Тоҷикистон намояндагӣ хоҳад кард.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.09.2021
"Ман дар ҳайратам": нигаронии Раҳмон аз хомӯшии ҷаҳон дар баробари Афғонистон
"Муқовимат дар Панҷшер идома хоҳад ёфт ва афзоиш меёбад ва ман Амруллоҳ Солеҳро дар ин ҷо ба ҳайси президенти Афғонистон муаррифӣ мекунам", - гуфт ӯ.
Вай ҳамчунин афзуд, ки ба зудӣ дар Панҷшер ҷаласа ва шӯрои кулли афғон бо иштироки ҳамаи раҳбарони низомӣ, ки Толибонро* эътироф накардаанд, даъват карда мешавад.
Илова бар ин, ҳамаи қавмҳои Афғонистон, ки ҳукумати навро қабул накардаанд, ба қувваҳои муқовимати оммавӣ ҳамроҳ мешаванд, ки миёнашон ӯзбекҳо, ҳазораҳо ва паштунҳо мебошанд.
* - ҷунбиши Толибон дар Федератсияи Русия ва Тоҷикистон террористӣ эътироф шудааст.
Лентаи хабарҳо
0