Афзоиши қарзи давлатӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ: иқтисоди дар Тоҷикистон 30-соли Истиқлолят

© Sputnik / Амир ИсаевЗдание правительства Республики Таджикистан в Душанбе
Здание правительства Республики Таджикистан в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.09.2021
Новобаста аз рушди мӯътадили ММД дар оғози солҳои 2000-ум, иқтисоди Тоҷикистон ба яке аз заифтарин иқтисод дар қаламрави кишварҳои пасошӯравӣ ба ҳисоб меравад
ДУШАНБЕ, 9 сен - Sputnik. Рузӣ 9 сентябр дар Тоҷикистон муҳимтарин иди давлатӣ - Рӯзи Истиқлолият ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯзро дар Тоҷикистон бо як шукӯҳу шаҳомат таҷлил мекунанд. Имсол ба ҷумҳурии озод 30 -сола мешавад.
Дар тӯли сиҳ сол, кишвар мушкилоти зиёдеро паси сар кард, аз ҷумла ҷанги шаҳрвандӣ, гуруснагӣ, якчанд бӯҳронҳои иқтисодӣ ва ҳатто пандемияи коронавирус, аммо бо вуҷуди ин мушкилиҳо, кишвар дар роҳи пешрафту рушд аст.

Аз харобиҳо то бозсозӣ

Ҷанги шаҳрвандӣ, ки беш аз панҷ сол идома ёфт, яке аз фоҷиабортарин дар таърихи Тоҷикистон ва фазои пасошӯравӣ дониста мешавад. Дар натиҷаи хунрезӣ беш аз 100 ҳазор нафар ҷон бохтанд, 26 ҳазор зан бева монданд ва 55 ҳазор кӯдакон ятим монданд.
Хоким Холикзода глава Национального банка Таджикистана с ноября 2020 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.07.2021
Бехабарии раиси Бонки миллӣ аз иқтисоди сиёҳи Тоҷикистон: “шояд 30 дарсади ММД бошад”
Созишномаи ниҳоии сулҳ 27 июни соли 1997 дар Маскав бо миёнаравии Русияву СММ ба имзо расид. Гарчанде ки аз ин рӯзи таърихи 24 сол гузашта бошад ҳам, кишвар натиҷаҳои ҷанги шаҳрвандиро то ҳол эҳсос мекунанд.
Ба гуфтаи коршиносон, ҷанги панҷсола дар Тоҷикистон ба рушди минбаъдаи кишвар таъсири манфӣ гузошт ва пешрафти кишварро то 30 сол ба ақиб андохт.
Дарвоқеъ, рушди иқтисоди кишвар баъд аз ба даст овардани сулҳ дар соли 1997 оғоз ёфт. Маҳз аз ҳамин лаҳза иқтисоди Тоҷикистон ба ҳаракат даромад. Зиёдтарин рушди иқтисоди кишвар дар даҳсолаи аввали пас аз анҷоми ҷанги шаҳрвандӣ ба қайд гирифта шуд.
Дар натиҷаи бомуваффақият анҷом додани ислоҳот ва дигаргуниҳо тамоюли рушди иқтисод таъмин карда шуд, ки ба мӯътадил шудани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ мусоидат намуд. Зиёда аз 80 барномаи соҳавӣ, ки ба рушди соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ ва болоравии сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат карданд, роҳандозӣ шуд.
Тибқи маълумоти расмӣ, маҷмӯи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз соли 1997 инҷониб 2,6 маротиба афзуда, афзоиши миёнаи солонаи он 7,1 дарсадро ташкил медиҳад. Танҳо дар панҷ соли охир ин нишондиҳанда дар сатҳи баланд қарор дошт. Дар соли 2019 Тоҷикистон ҳатто аз рӯи рушди ММД миёни кишварҳои ИДМ дар қатори Арманистон (7,6%) ва Туркманистон (6,3%) ба сегона кишварҳо дохил шуда буд.
Министр экономики Таджикистана Завки Завкизода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.06.2021
Вазири тоҷик аз рушди иқтисоди Тоҷикистон дар "рӯзҳои сахт" гуфт
Мақомоти ҷумҳурӣ аз ҳисоби баланд бурдани фаъолияти ҳамаи бахшҳои иқтисодиёт тавонистанд дар рушди иқтисод муваффақ шаванд.
Аз ҷумла, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 2,5 баробар, ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ 2,8 маротиба ва шумораи ҳамлу нақл тариқи тамоми намудҳои нақлиёт 1,7 баробар, гардиши савдои чакана 3,2 маротиба ва хизматрасонии воқеӣ ба аҳолӣ - 7,8 маротиба афзоиш ёфт.
Аммо муҳим он аст, ки Тоҷикистон тавонист буҷаи давлатро 75 маротиба афзоиш диҳад. Ин иқдом имкон дод, ки сиёсати иҷтимоии ҳукумат ҳар сол такмил ёбад. Нисбат ба соли 1997 даромади сокинон 38 маротиба зиёд шудааст.
Ба гуфтаи таҳлилгарони Бонки Ҷаҳонӣ, дар давоми даҳ соли охир Тоҷикистон дар коҳиши сатҳи камбизоатӣ ва рушди иқтисод ба пешрафти назаррас ноил гаштааст. Аз соли 2000 то 2017 нишондиҳандаҳо аз 83 дарсад аз шумораи умумии аҳолӣ то 29,5 дарсад коҳиш ёфт ва суръати рушди иқтисод ба ҳисоби миёна 7 дарсад дар як солро ташкил дод.
Аммо, бо вуҷуди ҳама муваффақиятҳо, Тоҷикистон иқтисод миёни кишварҳои пасошӯравӣ заифтарин иқтисод дорад. Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) -и ҷумҳурӣ дар шаш моҳи соли 2021 ба 3,5 миллиард доллар расид, аммо қарзи миллии ин кишвар низ ба сатҳи рекордӣ расидааст.

Иқтисод дар баробари қарзи миллӣ афзоиш меёбад

Дар тӯли солҳои истиқлолият Тоҷикистон бо мушкили афзоиши қарзи миллӣ рӯбарӯ шуд. Душанбе фаъолона ба иқтисоди худ аз берун қарз ҷалб мекард, то сӯрохиҳои иқтисодиро, ки пас аз ҷудо шудан аз Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ ба вуҷуд омада буд, пур кунад.
Акция протеста у Лондонской фондовой биржи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.05.2021
Маблағгузори №1: Чин ба иқтисоди Тоҷикистон беш аз 3 миллиард доллар сармоягузорӣ кард
Дар аввал Тоҷикистон аз созмонҳои байналмилалӣ пул мегирифт, аммо баъдтар ҳукумат аз ҳамсояи худ Чин, ки ҳоло қарздиҳандаи асосии ҷумҳурӣ аст, қарзгириро оғоз кард.
Имрӯз қарзи берунаи Тоҷикистон ба 3,2 миллиард доллар расидааст, ки аз ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ду баробар зиёд аст ва 38,2 фоизи ММД-ро ташкил медиҳад. Ҳар як сокини кишвар 339 доллар аз хориҷ қарздор аст.
Созмонҳои байналмилалӣ борҳо таъкид кардаанд, ки барои рушди устувор, давлатии Тоҷикистон набояд ҳаҷми қарзашро аз 40 дарсади ММД зиёд намояд. Тибқи ҳисобҳои таҳлилгарон, барои идоракунии қарз ин нишондиҳанда бисёр қулай аст ва имкон медиҳад, кишвар вобаста набошад.
Бо вуҷуди ин, то соли 2023 мақомоти Тоҷикистон тасмим доранд тақрибан боз як миллиард доллари дигар қарз гиранд, ки ин метавонад боиси якбора афзудани қарзи хориҷӣ ва убури марзи хатти "сурх" шавад.
Дар вазъият Тоҷикистон метавонад дучори мушкилоти ҷиддии иқтисодӣ шавад, ки бартараф кардани онҳо ниҳоят душвор хоҳад буд: сустшавии рушд, коҳиши тиҷорат, афзоиши фоизҳои қарзҳо, беқурбшавии пули миллӣ, коҳиши қобилияти харидории аҳолӣ ва қарзҳои оянда. Ин вазъ мусбат нахоҳад буд ва боиси норасоии маблағ барои иҷрои ӯҳдадориҳои иҷтимоии мақомот назди сокинон хоҳад шуд.
Достижения народного хозяйства на выставке в Согдийской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.04.2021
Пешгӯии Бонки рушди Осиё дар мавриди ду соли ояндаи иқтисоди Тоҷикистон
Аммо хатар на танҳо ба далели қарзи зиёди Тоҷикистон, балки аз вобастагии қарзҳои Чин низ ҳаст. Душанбе, ки 30 сол пеш Истиқлолиятро ба даст оварда буд, ба низоми “кабала”-и Пекин рӯ ба рӯ шуд.
Қарзи умумии Тоҷикистон аз Чин 1,2 миллиард доллар (беш аз 20% ММД) -ро ташкил медиҳад. Маблагхо ба максадхои нек - лоихахои инфрасохторӣ, ки барои тараккиёти иктисодиёти ҷумҳурӣ заруранд, истифода мешаванд.
Аммо барои дарёфти кумаки молӣ, Душанбе маҷбур аст аз Чин мол ворид кунад, конҳоро дар ихтиёри онҳо гузорад ва дигар шартҳои созишномаро, ки барои Тоҷикистон чандон судманд нестанд қабул намояд.
Ҳамин тариқ, бар ивази сохтмони Маркази гарум барқдиҳии Душанбе-2, ширкати чинии ТВЕА иҷозати истихроҷи тилло дар кони Кумарги болоро гирифт. То Тоҷикистон ба Чин 331 миллион доллар қарзро пардохт накунад ин минтақа дар дасти ширкати чинӣ боқӣ мемонад.
Министр экономики Таджикистана Завки Завкизода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.02.2021
Завқизода гуфт соли гузашта ба иқтисоди Тоҷикистон чӣ қадар қарзу грант ҷалб шудааст
Аксарияти қарзҳо додашудаи Чин ба Тоҷикистон ба бахши истихроҷи маъдан вобастагӣ дорад. Коршиносон борҳо ҳушдор додаанд, ки афзоиши сармоягузории мустақим ба соҳаҳои аз лиҳози стратегӣ муҳим метавонад вобастагии Душанберо аз ҳамсояи бузургаш зиёдтар намояд.
Аз ин рӯ, баргардонидани қарзҳои беруна ҳам ба Чин ва ҳам ба дигар қарздиҳандагон яке аз муҳимтарин вазифаҳои ҳукумати Тоҷикистон боқӣ мемонад. Аммо ҳанӯз маълум нест, ки Душанбе чӣ гуна метавонад қарзҳоро баргардонад ва озодии иқтисодиро ба даст биёрад.

Се пояи иқтисоди Тоҷикистон

Иқтисоди Тоҷикистон асосан ба се поя такя мезанад: кишоварзӣ, интиқоли пул аз сӯи муҳоҷирони меҳнатӣ ва содироти алюминий.
Манбаи асосии даромади Тоҷикистон интиқоли пул аз муҳоҷирони меҳнатӣ аст, ки аз 20 то 50 дарсади ММД-и кишварро ташкил медиҳанд. Маҳз тавассути ҳамин интиқолҳои пулӣ тақрибан 70 дарсади оилаҳои тоҷик рӯзашонро дар кишва сипарӣ мекунанд.
Монеты, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.12.2020
Бонки Ҷаҳонӣ гуфт чигуна пандемияи ба иқтисоди Тоҷикистон таъсир расонд
Бо вуҷуди ин, соли гузашта интиқолҳои пулӣ муҳоҷирон чандон кумак накард. Ба далели баста шудани марзҳо пас оғози пандемияи коронавирус дар ҷаҳон ва ҷорӣ шудани режими карантин дар Русия аксари муҳоҷирони тоҷик бе кор монданд. Илова бар ин, аксари сокинони ҷумҳурӣ натавонистанд ба мисли пештара дар моҳҳои март ва апрел ба Русия барои кор раванд.
Аксари муҳоҷироне, ки мехостанд ба хориҷ барои кор раванд, натавонистанд биаванд ва сатҳи бекоронро дар ҷумҳурӣ зиёд намуданд. Дар Русия ҳам муҳоҷирон аз даромади хуб маҳрум шуданд ва ба аксари оилаҳои худ натавонистанд пул равон кунанд.
Тибқи омори Бонки марказии Русия, соли гузашта муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба ҷумҳурӣ ҳамагӣ 1,7 миллиард доллар фиристодаанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2019 то 32% коҳиш ёфтааст, пештар ба кишвар беш аз 2,5 миллиард доллар ворид мешуд.
Дар се моҳи аввали соли 2021 як тамоюли ташвишовар барои Тоҷикистон, ки одатан иқтисоди он ба интиқоли пул вобастагии зиёд дорад, ба назар мерасид. Коҳишёбии интиқоли пул аз сӯи муҳоҷирон идома ёфт.
Дар семоҳаи аввали соли равон интиқоли пул аз Русия нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 9,2% (то 329 миллион доллар) коҳиш ёфт.
Ба гуфтаи Алексей Коренев, таҳлилгари гурӯҳи молиявии ширкати FINAM, ҳар гуна коҳиши ҳаҷми интиқоли маблағ барои иқтисоди Тоҷикистон хатар эҷод мекунад.
Черный понедельник на валютных рынках  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.04.2020
Бонки ҷаҳонӣ: коронавирус таҳдидест барои иқтисоди Тоҷикистон
Пеш аз ҳама, ин ба ноустувории бозори асъор оварда мерасонад, ки он метавонад ҷаҳиши якбораи таваррумро дар бозорҳои Тоҷикистон ба вуҷуд биёрад, ва ҷеби шаҳрвандон зарбаи сахт занад.
Тавре Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар нома ба Сандуқи Байналмилалии Асъор қайд карда буд, “якбора кам шудани ҳаҷми интиқол пул боиси афзоиши бекорӣ дар Тоҷикистон ва тақрибан 5 дарсад поин рафтани қурби пули миллӣ дар баробари доллар шуда буд”.
"Бозори молиявӣ дар Тоҷикистон суст рушд кардааст. Аз ин рӯ, омили асосии ташаккули қурби пули миллӣ интиқоли пул аз сӯи шахсони воқеӣ аст. Коҳиш ёфтани ҳаҷми интиқолҳо ба арзиши сомонӣ фишор меорад", - гуфт муовини директори гурӯҳи рейтингҳои мустақил ва таҳлили макроиқтисодии AКРА Ҷаннур Ашигалӣ.
Тоҷикистон ҳамчун кишвари агросаноатӣ метавонад танҳо ба бахши кишоварзӣ такя кунад. Иқтисоддонҳо ҳоло ҳам ҷумҳуриро на ба давлатҳои рушдёфта ва дар ҳоли рушд, балки ба давлатҳои "гузариш ба рушд" меноманд.
Раҳмон зимни суханронии худ ба аҳолӣ пайваста зарурати машғул шудан ба корҳои саҳроӣ ва афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро хотиррасон мешавад. Ин иқдом имкон медиҳад худро ҳам бо маҳсулот таъмин намояд ва воридотро аз кишварҳои хориҷ кам намоянд.
Сотрудница следит за котировками на бирже в Санкт-Петербурге. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.03.2019
Сандуқи Рушд ва Суботи АвруОсиё: иқтисоди Тоҷикистон осебпазир аст
Дар баробари интиқоли пул аз муҳоҷирони меҳнатӣ, иқтисодиёти кишвар ба пахтапарварӣ, рушди соҳаи истихроҷи маъдан, кимиё, металлургия, мошинсозӣ, инчунин энергетика такя мекунад.
Бо вуҷуди ин, иқтисодиёти ҷангзадаи кишвар, минтақаи кӯҳистон, суст ташшакулёфтаи инфрасохтори нақлиётӣ миёни минтақаҳо ва вазъи ноустувор дар марз бо Афғонистон омилҳои манфӣ мебошанд, ки ба рушди ҳамаҷонибаи давлат монеъ мешаванд.
Ҳангоми эътирофи дастовардҳои муайяни Тоҷикистон дар тӯли 30 соли истиқлолият, бисёр коршиносон мураккабии вазъи иҷтимоию иқтисодии ҷумҳуриро қайд мекунанд.
Сарфи назар аз афзоиши мӯътадили ММД дар оғози солҳои 2000-ум, иқтисоди Тоҷикистон осебпазир боқӣ мемонад. Барои ҷумҳурӣ вобастагии зиёд ба интиқоли пул аз муҳоҷирон, таварруми доимӣ, болоравии фоизҳои қарзҳо, андозҳои баланд ва низоми заифи судӣ як навъи "анъана" шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала