Аҳмадинажод: ҳаводиси Афғонистон ба зудӣ домангири Покистон хоҳад шуд

Махмуд Ахмадинежад - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.09.2021
Президенти собиқи Эрон гуфт, ки ҳодисаҳои Афғонистон ба зудӣ ба Покистон ва ҳамаи кишварҳое, ки аз Толибон* пуштибонӣ мекунанд, таъсир хоҳад гузошт.
ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Маҳмуд Аҳмадинажод ин нуктаро дар мусоҳибаи вижа бо телевизиони "Вион" -и Ҳиндустон оид ба вазъи афғонистон ва ҳаводиси охир атрофи Панҷшер шарҳ дод.
"Он чӣ дар Афғонистон рух дод, хеле возеҳ аст. Тарҳе, ки ба ҳама кишварҳои минтақа таъсир мерасонад. Дар асл, ин тарҳи бад ва зиддиинсонӣ аст", - гуфт Аҳмадинажод.
Флаг ЕС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.09.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Вокуниши Иттиҳодияи Аврупо ба ташкили давлати ҷидиди Толибон
Номбурда гуфт, ин ки як гурӯҳе, ки тавассути кишварҳои ҳамсоя мусаллаҳу омӯзиш дода шуда, биёянду як сарзаминро фатҳу худро давлат эълон кунанду кишварҳои муддаи ҷаҳон сукут ва ё ҳимоят кунанд, ин як фоҷиаи бузург ва зиштест, ки то абад дар чеҳраи онҳо боқӣ хоҳад монд.
Ӯ гуфт, чанд қудрати бузурги ҷаҳонӣ ба хотири таъмини манфиатҳои худ ҳозир шуданд, ки ҳаёт ва ҳуқуқҳои бунёдӣ ва ҳуқуқи худмуайянкунии мардумро поймол кунанд", - афзуд ӯ.
"Дар хабарҳо шунидем, ки афсарони покистонӣ мустақиман дар ҷанги Панҷшер амал кардаанд. Ман мехоҳам дар ин ҷо ба мақомоти Покистон машварат диҳам. Он чизе, ки дар Афғонистон рух медиҳад, ба зудӣ ба Покистон ва ҳамаи кишварҳое, ки Толибонро* дастгирӣ мекарданд, таъсир хоҳад гузошт", - афзуд ӯ.
Собиқ президенти Эрон мегӯяд, мардуми Покистон, Ҳиндустон, Эрон, Афғонистон ва мардуми тамоми кишварҳоро дӯст медорад ва ҳуқуқҳои бунёдии ҳамаи онҳоро эҳтирому ҳимоя мекуна ва пешниҳод мекунад, ки ҷангро бояд бас карда, аз ҳаққи мардуми афғон алалхусус аз ҳуқуқи таъйини сарнавишти худашон ба дасти худашон талош кунанд.
Ба гуфтаи ӯ, эътироф кардани ҳукумате, ки бо зӯри силоҳ ва бо кумаки хориҷиён ба қудрат расидаву марому мақсадашон возеҳ нестанд, доғ ва зарари бузурге барои тамоми ҷомеаи башарӣ хоҳад буд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала