Борону чангу ғубор: пешбинии обуҳавошиносони тоҷик барои 9 сентябр

© Sputnik / Амир ИсаевПыльная буря в Душанбе
Пыльная буря в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.09.2021
Обуна шудан
Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар додааст, ки сокинони Тоҷикистонро борони кутоҳмуддат ва чангу ғубор интизор аст
ДУШАНБЕ, 9 сен - Sputnik. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирбандаи бебориш пешбинӣ шудааст.
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 9+14, рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона тағйр ёфта аз 0+5 гарм то 0-5 дараҷа хунук, рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои камабр, дар баъзе тағйрёбандаи бебориш дар назар аст. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳаво дар водиҳо шабона 14+19 ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 7+12 дараҷа гарм ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад.
Пыльная буря - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.09.2021
Ҳушдор: ба Тоҷикистон тӯфони чанг ҳуҷум мекунад
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабр, дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Тӯфони чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 ва рӯзона 33+38 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 13+18 ва рӯзона 29-34 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои камабр, дар ноҳияҳои тағйирёбандаи асосан бебориш пешгӯӣ мешавад. Танҳо дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳи борони кӯтоҳмуддат борида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 12+17 дараҷа ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 10+15 ва рӯзона 28-33 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешбинӣ шудааст. Ҳаво шабона 15+17 ва рӯзона 34+36 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0