Ҷабборов ба тақвияти дӯстии Тоҷикистону Қирғизистон бовар дорад

© Пресс-служба президента КыргызстанаВстреча президента Таджикистана Эмомали Рахмона и президента Кыргызстана Содира Джабборова
Встреча президента Таджикистана Эмомали Рахмона и президента Кыргызстана Содира Джабборова - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.09.2021
Президенти Қирғизистон ба унвони раисиҷумҳури Тоҷикистон номаи шодбошӣ фиристоду ба таҳкими дӯстии ду кишвар изҳори боварӣ кард
ДУШАНБЕ, 9 сен – Sputnik. Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов кишвардор ва мардуми Тоҷикистонро бо Рӯзи истиқлоли давлатӣ табрик гуфт, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раисиҷумҳури Тоҷикистон.
Дар номаи Ҷабборов омадааст, ки Тоҷикистон тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ зимни татбиқи ислоҳоти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар роҳи бунёди давлати соҳибихтиёр ва мустақил ба пешрафтҳои назаррас ноил гардидааст.
Президент Республики Узбекистан Шавкат Мирзиёев прибыл с официальным визитом в Республику Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.09.2021
Мирзиёев Раҳмон ва мардуми Тоҷикистонро бо Истиқлолият табрик гуфт
Кишвардори Қирғизистон изҳори умедворӣ карҳдааст, ки Тоҷикистон таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон, роҳи рушди устуворро ба мақсади таъмини ҳаёти осоиштаи мардум ва давлат идома хоҳад дод.
"Бовар дорам, ки муносибатҳои дӯстӣ ва хуби ҳамсоягӣ миёни ду кишвар дар оянда низ ба нафъи шукуфоии Қирғизистон ва Тоҷикистон тақвият хоҳанд ёфт", - омадааст дар номаи табрикотӣ.
Ҳамчунин Содир Ҷабборов ба Эмомалӣ Раҳмон сиҳатмандӣ ва комёбӣ ва ба мардуми Тоҷикистон сулҳу осоиш таманно кардааст.
Байден, Макрон, Си Ҷинпин: боз кадом роҳбарон Раҳмонро ба Истиқлолият табрик гуфтанд
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала