Ҷабҳаи муқовимати миллӣ: 65% -и Панҷшер дар дасти мост

© Дафтари матбуоти Ҷабҳаи Муқовимати Миллии АфғонистонНерӯҳои Ҷабҳаи Муқовимати Миллии Афғонистон
Нерӯҳои Ҷабҳаи Муқовимати Миллии Афғонистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.09.2021
Сухангӯи Ҷабҳаи Муқовимати Миллии Афғонистон мегӯяд, 60-65 дарсади қаламрави Панҷшер таҳти назорати нирӯҳои Ҷабҳаи муқовимат қарор дорад.
ДУШАНБЕ, 9 сен - Sputnik. Сухангӯи Ҷабҳаи Муқовимати Миллии Афғонистон Алӣ Мейсам Назарӣ, гуфт: "Ҳама мавқеъҳои стратегӣ дар Панҷшер таҳти назорати мо ҳастанд."
Ӯ гуфт, мо аз роҳи асосӣ ақибнишинии тактикӣ кардем.
Ба гуфтаи Назарӣ, Толибон* дар набардҳо бо нерӯҳои муқовимат талафоти зиёд дидаанд.
Вай ҳамчунин итминон дод, ки Панҷшер дар ояндаи наздик аз Толибон* "комилан" пок хоҳад шуд.
Панҷшер аз ягона вилоятест, ки комилан таҳти султаи Толибон надаромадааст ва дар он ҷо Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон шакл гирифтааст, ки ба он ҳама норозиҳо аз ҳукумати толибонӣ шомиланд.
Мухаммад Зохири Агбар, посол Афганистана в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.09.2021
Муҳаммад Зоҳир Ағбар: дараи Панҷшер таҳти назорати муқовиматгарон аст
Ахиран Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳир Ағбар гуфт, барои дастгирии Ҷабҳаи Муқовимати миллӣ ба қарибӣ як Шӯро таъсис дода мешавад.
15 август Толибон* вориди Кобул шуданд ва қабл аз вуруди онҳо ба Кобул Ашраф Ғанӣ аз Афғонистон фирор кард ва дар як паём эълом дошт, ки барои қатъи хунрезӣ кишварро тарк кард.
Ин тағйири қудрат боиси он шуд, ки ҳазорон афғон аз тарси ҳамлаҳои ҷавобии Толибон* аз кишвар фирор кунанд.
Хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон шаби 31 август анҷом ёфт ва ба ҷанги 20-солаи Афғонистон хотима бахшид.
* Ташкилоти террористӣ дар Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала